Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО масъалаҳои муҳими марбут ба таҳдидҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд

Ноябрь 24, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё /ГАО/ оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода сухан гуфта, доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун узви ГАО бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тадбирҳои саривақтӣ ва муассир меандешад.

Мавриди ёдоварист, ки дар ҷумҳурӣ Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таъсис дода шудааст.

Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, вазъи кунунии ҷаҳон, афзоиши дигар шаклҳои ҷинояткорӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудаву ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон халал эҷод менамоянд, баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Инчунин дар ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО ҳисоботи кишвархои аъзои гурӯҳи мазкур шунида шуд.

Мавриди зикр аст, ки вазъи мураккаби сиёсию иқтисодӣ ва таҳдидҳои низомӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфта, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни кишварҳои абарқудрат ба авҷ гирифтани таҳаввулоти вақтҳои охир ва дар ин асно ҷорӣ намудани таҳримҳои пайдарпаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ миёни якдигар ҷомеаи ҷаҳонро ба таври ҷидӣ нигарон намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҷаласаи 37 пленарии ГАО дирӯз дар Душанбе аввалин форуми намояндагони парлумони кишварҳои ГАО баргузор гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони кумитаҳои марбутаи парлумон, кумитаҳо ва комиссияҳои байниидоравӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои узви ГАО ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузории миллии кишварҳояшон бо мақсади татбиқи самараноки талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро баррасӣ намуданд.ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ ба монанди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ, яъне ФАТФ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа мебошад. Алҳол Россия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин ва Ҳиндустон аъзои ГАО шомил мебошанд. Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб узви ГАО буда, соли 2014 ҷаласаи нахустини ГАО дар Душанбе баргузор гардида буд.

Пагоҳ ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО дар Душанбе корашро идома медиҳад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 24, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид