Маркази муҳоҷирати Москва дар Душанбе намояндагии худро боз кард

Ноябрь 10, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи нишасти 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Россия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва  «Маркази сершуғли муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва вазири ҳукумати шаҳри Маскав иштирок доштанд.

“Вазифаи асосии Марказ — кумак намудан ба сокинони ҷумҳурӣ барои пайдо кардани кор дар ҳудуди шаҳри Москва ва минтақаҳои ба он наздик мебошад”,- гуфт  Вазири ҳукумати Москва, сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳр Мария Багрева дирӯз, 9 ноябр дар маросими ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе.

Зикр шуд, ки ифтитоҳи намояндагии Маркази сершуғли муҳоҷират ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Москва ва Душанбе мусоидат мекунад. Фаъолияти ин Намояндагӣ ба шаҳрвандони мо барои кори муваққатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба монанди бақайдгирии муҳоҷиратӣ, бокортаъминшавӣ дар шаҳри Москва ва вилояти онро омода намоянд.


Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони дорои малака ва тахассуси зарурӣ ҷиҳати кор дар лоиҳаҳои муҳимтарини шаҳри Маскав якчанд тадбирҳоро амалӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки механизми муассири ҷалб ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он таъсис дода шавад.

Дар ин ҷо корҷӯён метавонанд ҷои холиро аз рӯи тахассус пайдо ва интихоб намоянд, ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро пур карда, аз курси забони русӣ гузаранд. Дар се синфи марказ дар як вақт 62 нафар метавонанд таҳсил кунанд.

Маркази сершуғли муҳоҷират ба шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Москва ва вилояти он ҳудуди 800 ҳазор патент медиҳад, ки нисфи онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад