«Нақши Конститутсия дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ». Дар Душанбе таҳти чунин унвон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Суди шаҳри Душанбе бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” дар Суди мазкур хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Суди шаҳри Душанбе Мирзо Гиёзода зикр намуд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати баландэътибори ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, заминаи муҳим ва боэътимоди ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад. Он натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми тоҷик ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои он ба ҳисоб меравад».
Дар ҷараёни ҳамоиш судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе доир ба паҳлӯҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
АКС аз Суди шаҳри Душанбе








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






