НОНИ ДУЮМ. Дар Душанбе бори аввал Фестивали картошка баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори авввал дар таърихи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и пойтахт намоиш-ярмаркаи бехмеваи маъруф- картошка ва хӯрокҳои аз он омодашуда баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Фестивал намоишгоҳи картошка ва ярмарка доир мешавад, ки дар он метавон ҳам барои хона сабзавот харид ва ҳам аз хӯрокҳои аз ин бехмеваи машҳур омодашуда дар ҳамон ҷо лаззат бурд. Корхонаҳои кишоварзии мамлакат, ки ба парвариши картошка машғуланд, беҳтарин навъҳоро пешкаши сокинон ва меҳмонони Душанбе хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки 14-16 ноябри соли равон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд дастур доданд, ки «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва хӯрокҳои аз он омодашуда» доир карда шавад. Вазорати кишоварзии мамлакат ин ҷашнро ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ташкил мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда то 18 ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 821 340 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст.

То моҳи ноябр дар вилояти Суғд аз майдони 15,3 ҳазор гектар 328 сентнерӣ ҳосил гирифта шуда, 14,8 ҳазор гектар шудгор гардидааст. Дар ҳудуди вилояти Хатлон, ки ҷамъоварии ин сабзавот дар майдони 5,8 ҳазор гектар пурра ба охир расид, 178-сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Дар ВМКБ аз майдони 1,2 ҳазор гектар 136 сентнерӣ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ (9,7 ҳазор гектар) 221 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ иди нав – Рӯзи картошка пайдо шуд. Ҷорӣ намудани он низ бо ташаббуси Сарвари давлат буд. Ин ид ҳамасола дар рӯзҳои Наврӯз таҷлил мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






