Россия интиқоли маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон бидуни боҷ афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Россия соли 2023 ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон бидуни боҷ афзоиш медиҳад. Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва муовини аввали вазири энергетикаи Россия Павел Сорокин (АКС) зимни мулоқот дар Москва санади ислоҳи ҷадвали интиқоли маҳсулоти нафтиро имзо карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд.
«Мутобиқи ин санад ҳаҷми умумии бақияи индикативӣ, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ нисбат ба соли гузашта ба бозори дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст», — иттилоъ медиҳад Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таъмини навъҳои асосии маҳсулоти нафтӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд. Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ) маводи сӯхт ва маводи молидании Россияро дарёфт мекунад. Бояд гуфт, ки шарти асосии таъмини имтиёзноки маҳсулоти нафтии Россия истиснои реэкспорт ба кишварҳои сеюм аст. Ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтии имтиёзнок барои соли 2022 дар сатҳи солҳои қаблӣ — 830 ҳазор тонна боқӣ монд. Аммо воридоти воқеии сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ аз Россия дар солҳои қаблӣ аз 600 ҳазор тонна зиёд набуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






