«САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ-САДОҚАТ БА МИЛЛАТ». Дар Маҷлиси намояндагон таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар кишвар таҷлил мегардад, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст» ҳамоиш баргузор шуд. Инчунин дар китобхонаи Маҷлиси намояндагон намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Чеҳраҳои мондагор», «Забон- ҳастии миллат», «Соле, ки ба қарнҳо баробар аст», «Ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар рушди давлати соҳибистиқлол» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда мебозанд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихии сарнавиштсоз мебошад. Ҳамзамон дар ин раванд албатта, мақому мавқеи шахсиятҳои барҷаста, ки бо зарфияти бузурги тафаккуру заковат, фаросату ҷасорати сиёсӣ ва аъмоли неки худ ба сарнавишт ва ояндаи дурахшони миллат ё давлат таъсири амиқ мегузоранд, нақши бориз доранд. Хушбахтона, дар иҷлосияи мазкур бо интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ҳамин гуна як шахсияти воқеан соҳибватану сазовор, далеру шуҷоъ, абармарди нотакрор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати бузург қадамҳои мубораку устувори худро гузоштанд, ки таҳкими аркони давлатдорӣ, гузоштани асосҳои сулҳу ваҳдат, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмуъ — рушди босуботи давлатдории навини тоҷикон бо фаъолияти созандаи ин фарзанди фарзонаи миллат робитаи ногусастанӣ дорад.
«Роҳбари сиёсии мамлакат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми дар он вазъ ташнаи сулҳу оромии Тоҷикистон фоли нек пиндошта, дар симои ӯ наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллатро дарёфтанд.Иқдоми нахустини Пешвои миллат дар ин мансаб аз эҳё ва ҷоннок кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ-шурӯ аз марказ то маҳалҳо ибтидо гирифт. Ин имконият фароҳам овард, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ дар қаламрави кишвар давлатро ҳамчун қувваи ягонаи танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу амният эътироф намоянд»,- тазаккур дод Раиси Маҷлиси намояндагон. .
Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, вакилони Маҷлиси намояндагон Муҳаммадулло Шерализода, Зулфиқор Гулмаҳмадзода, Гавҳар Шарофзода доир ба нақш ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва бунёди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Акс: МН МО ҶТ








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






