Завқӣ Завқизода ва Меҳмет Муш густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 ноябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорати Туркия, Роҳбари ҳайати расмии Туркия Меҳмет Муш вохӯрӣ намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкории иқтисодии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
З. Завқизода зикр намуд, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба соли 2021 ба андозаи 21 фоиз ё то 391 млн доллари амрикоӣ рушд карда бошад ҳам, ҳаҷми он бо назардошти захираву имконияти васеи тарафҳо моро қонеъ карда наметавонад. Бинобар ин бо мақсади рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф карда шуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пӯст, меваю сабзавот, хӯрокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шаванд. Ин таклиф аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.
Дар ҳошияи сафари мазкур Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид, ки дар доираи он ду санади муҳим — «Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2023-2025» ва «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба имзо расонида шуданд. Ин санадҳо барои то 1 млрд доллар зиёд намудани гардиши савдои дутарафа ва ҷалби сармояи Туркия мусоидат менамоянд.
Дар айни замон 134 ширкати муштараки Туркия дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати туркӣ, пеш аз ҳама, барои пешвози гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






