АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Саридораи геология ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок мегузарад

Декабрь 14, 2022 12:23

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 ба Саридораи геология супориш доданд, ки ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок гузаранд. Дар робита ба ин Саридораи геология 4-5 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» баргузор намуд.

Барномаи ҳисоби захираи канданиҳои фоиданоки ширкати «Micromine» -ро истифодабарандагони қаъри замин дар тамоми ҷаҳон васеъ истифода мебаранд. Саридораи геология бо иштироки намояндагони ширкати «Micromine Central Asia» дар Тоҷикистон якчанд маротиба тренингҳо баргузор намуд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар кори «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» дар Душанбе намояндагони давлатҳои Австралия, Канада, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳое, ки ба омӯзиш ва истифодаи қаъри замин алоқамандӣ доранд, иштирок намуданд.

ДАР АКС: иштирокчиёни «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» дар Душанбе

Геология аз ҷумлаи чунин илмҳоест, ки барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Роҷеъ ба рушди геология ва манфиати он барои ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо сухан рондаанд. Алалхусус дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 роҷеъ ба ин нукта чунин гуфта буданд: «Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.

Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодаанд, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад».

Ҳамзамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯи замин, кишвари ганҷҳои накушодаву табиати худодод аст. Мову шумо, бе муболиға дар болои ганҷ қарор дорем ва ҷоиз нест, ки минбаъд муҳтоҷи дастгирии дигарон бошем».


Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 қабул гардид. Дар марҳилаи аввали татбиқи барномаи мазкур кормандони Саридора ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, дар объекти металлҳои сиёҳ дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Арглӣ 7 фосилаи маъданӣ бо ғафсии аз 4 то 36 м, файзнокии ванадий аз 0,12 то 0,19 % муайян гардид. Дар объектҳои металлҳои ранга дар қитъаи Ғутои зуҳуроти сурмаи Ривути Болоду минтақаи маъдандор бо дарозии умумӣ то 1500 м ва дар зуҳуроти сурмаи офтобӣ минералҳои парокандаи антимонит бо ошкор намудани минтақаи минералноки антимонитдор муайян гардиданд.

Дар объектҳои металлҳои қиматбаҳо дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва тафтишӣ дар майдони маъдании Саримард ду баромади ҷисми маъданӣ омӯхта шуд. Дар ин самт дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб 10 майдони эҳтимолии мавҷудияти тилло ва дар қитъаи Ғарвони майдони Ошоба минтақаи эҳтимолии тиллодор муайян гардиданд.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо якчанд давлатҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, Созишнома бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба имзо расид, ки имрӯзҳо корҳо дар ин самт муваффақона амалӣ шуда истодаанд.

Ба ғайр аз ин соли равон Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид. Умед аст, ки ин барнома низ муваффақона амалӣ мегардад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 14, 2022 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид