АЗ ТАҲТИ ДИЛ. Сокинони Тоҷикистон намудҳои муосири таронаҳои халқии русиро шуниданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 12 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон форуми «Россия — Тоҷикистон: муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои ягонаи башардӯстона» баргузор шуд, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони Тоҷикистон иҷрои таронаҳои мардумии русиро ба таври замонавӣ шуниданд, навиштааст агентии иттилоотии россиягии Sputnik.
Хори Синодалии Москва ва ансамбли «Бис-квит» бо ҳунарнамоӣ дар асбоби мусиқӣ, нигоҳи муаллифӣ ва иҷрои самимона тамошобинонро мафтун карданд.
Даромад ба консерт озод буд.
Хори Синодалии Москва — яке аз қадимтарин дастаҳои касбии Россия мебошад. То соли 1589 он хори Киев, баъдан хори митрополитҳои Владимир ва Москва буд. Дар асри 15 шуъбаи митрополитҳои русӣ аз Владимир ба Москва интиқол дода шуд ва калисои Успенский дар Кремли Москва макони асосии хизматрасонии хорсароёни митрополитӣ гардид. Хори Синодалӣ баҳори соли 2009 дубора эҳё шуд.
Ансамбли «Бис-квит» — гурӯҳи мусиқии Санкт — Петербург буда, соли 2002 аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи мусиқии Санкт -Петербург ба номи Н.А.Римский — Корсаков ташкил шудааст. Дастаи «Бис-квит» 3 фитта баровардааст, барномаи даста зиёда аз 250 асари мусиқии классикӣ ва муосирро дар бар мегирад.
Дар тӯли мавҷудияти худ ин даста дар Россия беш аз 1500 консерт баргузор намуда, Санкт-Петербургро дар толорҳои консертии Италия, Полша, Швейтсария, Корея, Олмон, Куба, Австрия, Чин, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Шотландия, Португалия, Финландия ва Фаронса намояндагӣ кардааст.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






