БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Дар деҳаи Вогати шаҳр бо саҳми аъзои хоҷагии деҳқонии «Меҳринисо» барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чоҳи амудӣ кофта шудаааст. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ, ки ба ангурпарварӣ машғуланд, тасмим гирифтаанд вазъи таъмин бо оби полезиро беҳтар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд. Чуқурии чоҳи амудӣ беш аз 200 метр буда, барои иҷрои корҳо аз ҷониби хоҷагӣ маблағҳои зарурӣ равона гардидаанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон ташаббуси неки онҳоро ситоиш карда, гуфт, ки дар шароити кӯҳсор бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад. Таҷрибаи бунёди чоҳҳои амудӣ дар Истаравшан маъмул буда, хоҷагидорон бо ин роҳ заминҳои кишоварзиро шодоб мегардонанд.
Сипас Раиси вилоят бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар деҳаи Вогат шинос шуда, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод. Бинои сеошёнаи таълимӣ дорои 16 синфхона буда, барои таълиму тарбияи 700 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар муассисаи таълимӣ ҳамзамон утоқҳои фаннӣ, толори варзишиву ошхона ва дигар иншооти ёрирасон низ буёнд гардида, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон Раиси вилоят дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос шуд. Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди «ORVIGA» аст, ки аз ҷониби соҳибкор Ғанӣ Файзиев бунёд гардида истодааст. Корхона аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар ҷараёни бунёди он қариб 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи кор ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созад.
Дар корхонаи дигаре аз ҷониби соҳибкор Дониёрбек Умаров бунёд шуда истодааст, истеҳсоли мебел барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин корхона қариб ба анҷом расида, таҷҳизоти техникии замонавӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин аз ҷараёни бунёди Қасри фарҳанги шаҳр дидан намуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд






