ЧАРОГОҲ-МАНБАИ АСОСИИ ХӮРОКИ АРЗОН ВА СЕРҒИЗОИ ЧОРВО. Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 4,7 млн гектар заминҳои кишоварзӣ мавҷуданд, ки 3,8 млн гектар ё 83 фоизи онро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд. Чарогоҳ дар ҷумҳурӣ- ин манбаи асосии таъминоти чорво бо хӯрок аст. Аз ин рӯ барои баланд бардоштани ҳосилнокии алафҳо дар чарогоҳ «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Сардори Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Назаров.
Бояд гуфт, ки 29 ноябр зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва гардид.
Сарвари давлат ҳангоми баррасии лоиҳаи ин барнома дар ҷаласаи мазкур зикр доштанд, ки «рушди чарогоҳҳо масъалаи муҳим аст, зеро худи чорводорӣ барои рушди кишварҳо соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад».
Сафаралӣ Назаров дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қароқулӣ, тибит (пух) ва ғайра таъмин менамояд. Чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ баъди растанипарварӣ дар ҷои дуюм меистад. Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мебошад.
Ҳадафи барномаи мазкур чист?
«Ҳадафи асосии «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»- ин афзун гардонидани захираи алафҳои табиии чарогоҳҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва баланд бардоштани ҳосилнокии он мебошад. Баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо ба рушди минбаъдаи чорводорӣ мусоидат намуда, барои таҳкими иқтисоди ҷумҳурӣ замина фароҳам меорад»,- гуфт Сафаралӣ Назаров.
Мавсуф зикр намуд, ки дар барномаҳои қаблан амалигардида маблағҳо камтар ҷудо мегардиданд. Давоми амалӣ гардидани ин барнома аз маблағҳои буҷетӣ 3 млн 245 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, ки барои беҳтар кардани чарогоҳҳо, бунёди пулҳои чорвогузар, таъмири роҳҳои чорвогузар, инчунин таъмир ва сохтмони иншооти безараргардонии чорво равона мешавад. Ҳамчунин барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои сармояи хориҷӣ ва грантҳо барои рушди ин соҳа 24 млн 791 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби Лоиҳаи «Барқарорсозии устувори лангшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад, дар назар дошта шудааст.
Дар Тоҷикистон чӣ миқдор чорво мавҷуд аст?
Сафаралӣ Назаров иброз намуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 2,5 млн сар чорвои калон ва зиёда аз 6 млн сар чорвои майда мавҷуд аст, ки аз шумора 93 фоизи чорвои калон ва 83 фоизи моли майда ба бахши хусусӣ рост меояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 507 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 301 ҳазор модагов, 6 миллиону 262 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 102 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 50,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 258,3 ҳазор сар, асп 1060 сар, истеҳсоли гӯшт 12,0 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ-2,1 фоиз, вилоятҳои Суғд -7,4 фоиз, Хатлон 2,0 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) 4,8 фоиз зиёд гардидааст.
Мушкили асосии чарогоҳҳо дар чист?
«Имрӯз мушкилии асосӣ дар мамлакат — ин нобаробар тақсим гардидани заминҳои чарогоҳ мебошад. Тавассути ин барнома мушкилоти соҳа низ бартараф мегарданд. Яке аз ҳадафҳои дигари барнома- ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба истифодаи чарогоҳҳо мебошад», гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфти ӯ, яке аз омилҳои асосии рушди чорводорӣ — ин мустаҳкамсозии заминаи хӯроки чорво мебошад. Ба чорво аз рӯи меъёр хӯронидани ғизои асосӣ ба зиёд шудани маҳсулнокӣ ва баланд гардидани сифати он, пешгирии вайроншавии мубодилаи моддаҳо, беҳтар гардидани қобилияти такрористеҳсолкунӣ ва пешгирии касалиҳо оварда бурда мерасонад. Чарогоҳ барои ҳайвонот яке аз манбаъҳои асосии хӯроки сабзи арзон ва пурқимат аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ» гузаронида мешавад. Дар ин намоишҳо чорвои калони шохдор, аз ҷумла чорвои хушзоти калони тоҷикии навъҳои сиёҳало, зотҳои шведӣ, сментал ва гӯсфанди зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ, маҳинпашм ва ғайра муаррифӣ мегарданд.
Як далели ҷолиб дар мавриди чорводорӣ ин аст, ки дар Аврупо, масалан дар Мадрид (пойтахти Испания) гузашти (паради) рамаи чорво доир мешавад ва мардум онро бо завқ тамошо мекунанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд






