Чин 8 январ карантини COVID-19-ро барои ба кишвар воридшавандагон барҳам медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чин маҳдудияти карантиниро барои онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, сабук хоҳад кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе, 26 декабр Телевизиони марказии Чин бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
«Шахсоне, ки ба Чин меоянд, бояд 48 соат пеш аз сафар аз ташхиси дастгоҳи муайянкунандаи таҷзияи занҷираи полимеразӣ (ПЦР) гузаранд. Дар сурате, ки натиҷа манфӣ барояд, онҳо метавонанд бидуни дархости рамзи саломатӣ дар сафорат ё консулгарӣ ҳангоми пур кардани маълумотномаи гумрукӣ оид ба саломатӣ вориди Чин шаванд», — омадааст дар изҳорот.
Мақомоти Чин соли 2020 барои нафарони аз хориҷа ба кишвар воридшаванда маҳдудият ҷорӣ карданд. Долонҳои мусофирбар дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ баста шуданд ва мусофирони аз хориҷа воридшаванда маҷбур шуданд аз карантини ҳатмӣ гузаранд. Дар аввал давраи карантинӣ се ҳафта буд, баъдан тадриҷан камтар шуд ва ҳоло панҷ рӯз аст.
Қаблан рӯзи душанбе, 26 декабри соли равон Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои тозагӣ ва тандурустӣ эълон кард, ки бо қарори Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин COVID-19 аз феҳристи бемориҳои ба истилоҳ гурӯҳи «А», ки нисбат ба онҳо маҳдудияти махсуси назорати сарҳадӣ амал мекунад, хориҷ карда мешавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Reuters








САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»






