Дар Норак оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб ҳамоиш доир шуд

Декабрь 18, 2022 08:52

НОРАК, 18.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак оид ба хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Зикр шуд, ки терроризм ва экстремизм раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб зуҳур кардааст. Дар шароити замони муосир ҳар шахси солимфикрро зарур аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад. Ҷавонони моро мебояд, ки бо арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ шинос шуда, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нагарданд.

Ҳамзамон вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иброз гардид, ки ҳар гуна муноқиша фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ногувор дар мамлакат 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ҳама соҳаҳо мутахассисони хубу болаёқат бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия карда шаванд, то барои рушду нумӯи мамлакат ҳисс гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Декабрь 18, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид