Дар шаҳри Ставрополи Россия намоиши фарҳангу таърихи тоҷикон доир гардид

Декабрь 28, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 28.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ бори аввал рӯзи фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Ставропол баргузор шуд. Барномаи фарҳангӣ намоиши либосҳои миллӣ, расму оин ва таомҳои тоҷикиро дар бар гирифт, ки писанди иштирокдорони чорабинӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.

Тибқи иттилои манбаъ, ин маъракаи фарҳангӣ ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, он дар саҳни Донишгоҳи мазкур бо шукўҳу шаҳомати хосса оғоз гардид. Иштирокдорони ин ҳамоишро асосан намояндагони халқиятҳои гуногуни ин кишвар ва ҷамъиятҳои онҳо ташкил дод.

Донишҷўёни тоҷики Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, намояндагони Маркази фарҳангии тоҷикони Ставропол «Дӯстӣ», инчунин ҷавонони муқимии шаҳри Ставропол ва Краснодар талош намуданд, ки бо оростани дастархони пурнозу неъмати тоҷикӣ, ташкили намоиши либосҳои миллӣ ва расму оини тоҷикӣ дар сатҳи баланд ба иштирокдорони ин ҳамоиши фарҳангӣ оид ба миллати қадима будани тоҷикон ва таърихи бою рангин доштани онҳо маълумот бидиҳанд.


Мояи ифтихор аст, ки онҳо ба мақсади хеш расиданд. Баъди тамошои ин намоишгоҳ намояндагони миллатҳои гуногун таассуроти неки худро аз фарҳангу таърихи қадимаи халқи тоҷик иброз доштанд. Ба онҳо махсусан гузаронидани туйи хонадоршавии навҷавонон ва либосҳои миллӣ, аз ҷумла куртаи чакану атлас писанд омад.

Созмондиҳандагони чорабинӣ дар назди худ мақсад гузоштанд, ки минбаъд ҳамасола чунин маъракаи фарҳангиро, ки баҳри равнақу мустаҳкам гардидани дўстии байни миллатҳо ва шинохти якдигар мусоидат менамояд, барпо намоянд.

АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Декабрь 28, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд