ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ беш аз 800 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд беш аз 800 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, аз қабили санавбар, қастона (каштан), берч (берёза) павловния, сарв, дуб ва ғайраҳо шинонида шуданд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар маросими ниҳолшинонӣ, ки 17 декабр сурат гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Раиси вилоят баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ, корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳр даъват намуд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон ба хиёбону маҳаллаҳои шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани Боғи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ҷаҳд намуда, баҳри боз ҳам ободу мунаввар намудани он, дар ин макони истироҳатию фароғатӣ барои шаҳрвандон муҳайё намудани шароити арзанда аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Бояд гуфт, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолони Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зисти Маркази Орхус дар Хуҷанд ва сокинони касбу кори гуногун фаъолон ширкат варзиданд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






