ФЕСТИВАЛИ ЛИМӮ ВА НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ. Бори аввал дар шаҳри Бохтар чунин ярмарка доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 12 декабр дар шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатӣ баргузор гардид. Ба иттилои шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон, чунин фестивал дар вилоят бори аввал гузаронида шуд.
Фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи шартномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия доир шуд. Дар он Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Раиси вилоят ва масъулин ба меҳмонон дар бораи лимӯ, ҳосили хуби имсола, боду ҳавои мусоиди кишвар ва таҷрибаи деҳқонони асили хатлонӣ маълумот доданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков ва ҳамроҳонаш ба маҳсулоти кишоварзии вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба сифати лимӯ ва сабзавоту меваҷоти пешниҳодгардида баҳои баланд доданд. Инчунин дар хусуси харидорӣ ва доштани ниёз ба чунин маҳсулот дар Россия ибрози андеша карданд.
«Чунин маҳсулот дӯстдорону харидорони зиёд дорад ва мо омодаем, ки вобаста ба содироти ин гуна маҳсулот мусоидат намоем»,- зикр кардан меҳмонон.
Сипас Раиси вилоят ва меҳмонони Россия аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карда, аз шахсони масъул ва кормандони корхонаҳои саноатӣ дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






