ФОРУМИ САЁҲАТИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН. Ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи Форуми саёҳативу тиҷоратӣ, ки дирӯз, 27 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ доир карда шуд.
Дар кори форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва аз ҷониби Узбекистон намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ ва ширкатҳои сайёҳии ин кишвар иштирок намуданд.
Дар форум ҷонибҳо оид ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд.
Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Таъкид гардид, ки ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар бозори хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар бештар аз 100 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Имрӯзҳо дар заминаи созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва созишнома байни ҳукуматҳои ҳарду давлат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ гурӯҳҳои зиёди сайёҳони тоҷик аз Узбекистон ва баръакс боздид менамоянд.


Узбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба қатори даҳгонаи кишварҳое дохил мешавад, ки сайёҳонашон бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба рушди робитаҳо дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфронсҳо, машғулият, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Узбекистон нигаронида шудааст.
Оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистону Узбекистон занҷири самараноке ба вуҷуд овард, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ миёни ду кишвар, балки инчунин ба ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.
Дар кори форум бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва узбекистонӣ 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин дар доираи форум барои меҳмонон саёҳати иттилоотӣ (инфо-тур) ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






