«ФУРӮҒЕ, КИ ФУРӮЗОН КАРД МОРО…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мавриди натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии имсола

Декабрь 22, 2022 11:07

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Инак, озмуни соли чаҳоруми «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба поён расид. Имрӯз ин озмун, ки ҳосили закои дурбинонаи Пешвои миллати мост, чунон вориди зиндагиву рӯзгори мардум гардидааст, ки бе он ҳаёти маънавии халқамонро наметавон тасаввур кард. На танҳо довталабону иштирокчиёни ин озмун, волидайн ва омӯзгороне, ки алоқаманди онанд, балки тамоми аҳолии кишвар дар ҳавои гарму муаттари ин ва дигар озмунҳои ҳидоятгардидаву роҳандозишуда аз ҷониби Пешвои миллатамон зиндагӣ доранд. Дар қатори озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмунҳои дигаре бо номҳои ”Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат”, ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» (бахшида ба китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон») ва ғайра роҳандозӣ шудаанд, ки ҳама дар якҷоягӣ фазои мусоид ва хайрхоҳонаеро дар муҳити маънавии кишварамон ба вуҷуд овардаанд.

Дар зимн андешаҳо ва пешниҳодоти Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор дода мешаванд.

-Банда, ки аз оғози роҳандозӣ шудани ин озмун аз ҷониби Пешвои миллатамон дар ҳайати ҳакамон бевосита дар он ширкат доштаам, пас аз ҷамъбасти соли чорум низ мехоҳам андеша ва бардоштҳои худро ба хонандагон ва хусусан ба Комиссияи озмун пешниҳод намоям, то манфиате аз он ба бор ояд. Хусусан, ки солҳои гузашта чандин пешниҳоди мо истиқбол ёфтаву сатҳу сифати озмун боз ҳам беҳтару болотар бардошта шуд. Яке аз ин иқдомҳо ҷудо ва мустақил гардидани номинаи насру назм ва як табақабандӣ зиёд гардидан, яъне ба ду табақабандӣ: гурӯҳи мактаббачагон ва калонсолон ҷудо гардидани он буд.

Таҷриба нишон дод, ки сол то сол дар асоси пешниҳодҳои наву хуб, ки аз ҷониби комиссия мавриди баррасӣ ва амал қарор мегиранд, озмун комилтару босифаттар гардида, манфиати бештар пайдо мекунад.

Таҷриба ва бардошти банда аз номинаи назм дар тӯли се сол, ки аз ин ду солаш ба сифати Раиси ҳакамони ин номина фаъолият доштаам, чунин аст, ки мушкили асосии довталабони ин номина- тафриқа нагузоштан миёни сухани бадеъ ва сухани одист. Яъне надонистани он ки шеър аз сухани одӣ бо чӣ фарқ мекунад. Маҳз ҳамин ноогоҳӣ боиси он мешавад, ки на танҳо навқаламону шоирони ҷавон, балки баъзе шеърнависони калонсол ҳам вазну қофияро то ҷойе омӯхтаву беохир дар ҳар мавзӯе, монанд ба шеър чизе навиштан мегиранд. Аммо навиштани барабас ва бефоида, зеро тиҳӣ аз шеърияту санъатҳои шеърӣ, тиҳӣ аз бозёфту андешаҳои шоирона аст. Ҳол он ки банда, хосса барои дарки шеъру шеърият ва фарқ гузоштан дар байни сухани одӣ ва шеър дастуре бо номи “Шеър чист ва шоир кист” таълиф додаву интишор кардаам, ки роҳнамои хубест барои дарки шеър ва шинохти он. Ин китоб, ки бо теъдоди ҳазор нусха дар нашриёти “Адиб”ба нашр расид, зуд ба фурӯш рафтаву ҳоло дастраси аксари навқаламон нест, гувоҳи он аст, ки ҷомеаи шеърпарвару шоирпарвари мо ба чунин дастур ниёзи зиёд дорад. Ҳар нафаре, ки қадам ба ҷодаи шеърнависӣ мегузорад, бояд ҳатман фаҳмад, ки шеър чист ва чӣ гуна шахсе метавонад шоир бошад. Хеле хуб мешуд, ки ин китоби барои навқаламон (на танҳо барои навқаламон) чун обу ҳаво зарурро бо иловаҳову тозагиҳо дар шакли комилтар нашриёти Вазорати маориф ба нашр мерасониданд, ки ҳам беҳтарин дастур дар дарки сухану шеър ва роҳнамоӣ дар ҷодаи эҷодкорӣ хоҳад буд ва ҳам манфиати хубе аз нашри он ба хазинаи нашрияе ворид хоҳад шуд, ки онро чоп кардааст.

Мехоҳам чанд пешниҳоди худро, ки асосан марбути номинаи эҷоди назму наср аст, ба Комиссияи озмун пешниҳод намоям.

1.Аввалан. Зиёд кардани як табақабандӣ дар номинаи эҷодӣ корро то ҷойе осон гардонд, ки барои ин аз Комиссияи озмун сипосгузорем. Аммо бо ин на ҳама мушкилиҳо аз байн рафтанд. Алоҳида будани номинаи мактаббачагон хуб аст. Аммо, мутаассифона, гурӯҳи дуюм, ки омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёни таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногунро дар бар мегирад, чунон ки мебинем, хеле махлут аст. Ба андешаи мо, бояд донишҷӯён ва унвонҷӯён, олимони ҷавон, чунонки дар дигар номинаҳо ҳаст, алоҳида бошанд.

Вале барои калонсолон, эҷодкорони мардумӣ ва адибоне, ки узви ИН нестанд, лоақал як гурӯҳи алоҳида бояд таъсис дод. Зеро онҳо, чунон ки дидем, ба ҳамдигар халал мерасонанд.

Масъалаи ҷиддии дигар дар номинаи назм- омехташавии шоироне, ки барои кӯдакон менависанд, бо шоирони дигар мебошад. Назми бачагонаи мо хусусияти хоси худро дошта, ниёз ба он дорад, ки алоҳида бошад. Ҳамин камбудӣ боиси он шуда истодааст, ки дар озмунҳои гузашта шоирони кӯдаконаи мо қадрдонӣ нашуданд. Ҳол он ки шеъри кӯдак ҳам дар адабиёти мо ва ҳам дар ҷомеа мавқеъ ва аҳамияти хоссаи худро дорад ва наметавон аз он сарфи назар кард. Агар номинаи алоҳида кардани шеъри кӯдакона ҳоло имкон надорад, лоақал дар номинаи назм як мукофот бо ҷойҳои 1,2,3 барои шоирони бачагона бояд ҳатман ҷудо кард.
Боз ҳам таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар озмунҳои эҷодии мо адибони ҳаҷвнавис ҳамеша аз назар дур мемонанд ё қадрдонӣ намешаванд. Ҳол он ки ҷомеаи мо, матбуоти мо, маънавиёти мо имрӯзҳо ба ҳаҷву танқид ва танз хеле ниёз дошта, солҳои охир ин навъи адабӣ хеле таназзул ёфтааст. Ин ҷо ҳам метавон гуфт, ки агар алҳол таъсиси номинаи алоҳида имкон надорад, лоақал таъсиси як ҷоиза бо ҷойҳои яку дуву се барои ҳаҷвнигорон айни муддао мебуд.

Як масъалаи нозуки дигар ин аст, ки дар озмун баъзан шахсони маъюбу нобино ва ё дорои ягон иллати дигар иштирок мекунанд. Баъзан наметавон дар назди онҳо он талаботеро гузошт, ки ба пеши як инсони солим гузошта мешавад. Хуб мешуд, иштироки ин табақа низ ба назар гирифта шавад ва дар низомнома ҷоизаҳое хосса барои онҳо таъйин карда шаванд.

Яке аз шарофатҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хусусан дар номинаҳои эҷодӣ ин аст, ки ба эҷодкорону навқаламон аз тамоми гӯшаҳои дурдасти кишвар имкон медиҳад ба ин васила ба майдонҳои озмун роҳ ёбанд ва бевосита дар сатҳи ноҳияву шаҳру кишвар ба майдон бароянд. Агар пеш аз таъсиси ин озмун ба марказ, ба нашрия ва идораҳои эҷодӣ роҳ ёфтани як эҷодкор аз гӯшаи дурдаст мушкилӣ дошт, ҳоло ҳар эҷодкор тавассути ин озмун бе ягон воситае ба майдони сухан роҳ меёбад ва ин яке аз фазилатҳои озмун аст.

Пешниҳоди дигар ин аст, ки номинаҳои эҷодии насру назм ба куллӣ аз номинаҳои дигар, ки аз аз ёд кардану хондану ба хотир гирифтан иборатанд, ба куллӣ фарқ дошта, дар ин номина, пеш аз ҳама, истеъдоди фитрӣ ва қобилияти эҷдкории довталабон ба назар гирифта мешавад. Ин барои миллати шеърпарвару адабиётдӯсти мо, ки бо шоиру нависандаи худ ифтихори миллӣ дорад, фавқулода зарур ва муҳим аст.

Гуфта будему бори дигар ба такрор мегӯем, ки номинаи эҷодӣ аслан қимати онро дорад, ки худ як озмуни алоҳида бошад ва дар он табақабандиҳои гурӯҳҳое барои адабиётшиносиву нақди адабӣ, драматургия, ҳаҷвнигорӣ, адабиёти бачагона бояд алоҳида тарҳгузорӣ шаванд.

Аммо агар ҳоло ташкили озмуни алоҳидаи эҷодӣ имкон надорад, дар ҳамин номинаи эҷоди насру назм дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бояд лоақал сеҷоӣ барои жанрҳои адабии дар боло зикршуда таъсис дод, ки саҳми бузурги озмун дар равнақи жанрҳои дигари адабии мо, аз ҷумла, нақди адабиву адабиётшиносӣ, драматургияву ҳаҷву танз ва адабиёти бачагона хоҳад буд.

Ва оқибат мехоҳам як масъалаи бисёр ҳассоси дигарро, ки дар тӯли се соли гузаронидани номинаи эҷодӣ, хусусан назм ҳар сол моро мутаассир мегардонад, сухан кушоям. Имсол ва соли гузашта ҳам ҳар бор теъдоди онҳое, ки сазовори воқеӣ ва арзандаи ҷоиза ҳастанд, бештар аз ҷоизаҳост. Дили мо об мешавад, вақте ки ба як-ду нафаре, ки воҷеан сазовори ҷоиза ҳастанд, ҷоиза намерасад. Ва мо, ҳакамон худро дар назди онҳо мисли гунаҳгор эҳсос мекунем. Пешниҳоди банда ин аст, ки лоақал теъдоди ҷойҳои дуюму сеюм, ки дутоӣ ҳастанд, ба сетоӣ расонида шавад. Агар ҳамин тавр мешуд, он ду нафаре, ки арзандаи арзанда буданду бе ҷо монданд, низ қадрдонӣ мешуданду ҳақ ба ҳақдор мерасид.

Акнун чанд сухан дар бораи аҳамият, натиҷа ва даствардҳои озмун. Банда мушоҳида кардам, ки ин озмунҳо чӣ гуна эҷодкори ҷавон тарбият мекунанд. Ман чандин нафар, хусусан ҷавононеро мушоҳида кардам, ки бо иштирок дар соли аввал муваффақ нашуда бошанд ҳам, ноумед нагардида, сабақ аз маслиҳатҳои ҳакамон бурда, соли дигар бо омодагии бештару беҳтару маҳсули хубтар ба озмун омаданд. Ҷавононе ҳастанд, ки болои камбудиҳои худ пайваста кор карда, оқибат дар соли дуюм ва ё сеюм соҳиби ҷоиза гардиданд. Яъне, ин озмун нақши мактаберо ҳам мебозад, ки ба ҷавонон дарси таълими суханварӣ медиҳад. Имкон медиҳад онон такмил ёбанд ва бо мусоидати озмун пайваста қуллаҳои нав ба навро фатҳ намоянд.

Дар мавриди номинаи мактаббачагон мехоҳам як масъалаи нозуки дигар ҳам баррасӣ шавад. Одатан дар номинаҳои хондану аз ёд кардани адабиёт муаллиме, ки шогирдро омода кардааст, қадрдонӣ мешавад, ки хеле хуб аст. Аммо дар номинаи эҷоди назму наср на ҳамеша муаллим метавонад аз нозукиҳои эҷоди шеъру наср таълим додаву довталаб омода кунад. Аз ин рӯ бояд дар низомнома зикр карда шавад, ки дар ин маврид довталаб метавонад омӯзгори худро аз доираи берун аз мактаб, аз доираҳои эҷодии кишвар пайдо кунад, зеро на дар ҳар мактаб эҷодкоре ҳаст, ки дарси шеъру наср ба навқаламон бидиҳад. Шахси эҷодкоре, ки довталабро то ҷоиза расонидаааст, низ мисли муаллимест, ки довталабро омода кардааст ва сазовори ҳавасмандкунист.

Ва аслан, ба андешаи банда, бояд иҷозат дода шавад, ки мактабачагон ҳуқуқи интихоби роҳбари эҷодиро аз дигар муассисаҳои эҷодиву илмӣ низ дошта бошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид
Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид
Озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Полоски Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи Форуми сеюми байналмилалии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русия-Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз шуд
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд