IRS: Бар асари садама дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ касе осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 30.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ (дар болои пул) мошини боркаши барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш касе осеб надидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кормандони филиали ширкат ва техникаҳои пуриқтидор фавран ба макони садама сафарбар шуданд. Дар навбати аввал гази моеъ ба мошини дигар интиқол ёфта истодааст.
Баъд аз анҷоми ин кор барои аз болои пул ба канори роҳ баровардани мошини мазкур тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Ширкат аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт ва бодиққат бошанд.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






