Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ тариқи омӯзиш ҳамоиш баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 28 ноябр то 8 декабр дар лоиҳаи «Рушди иҷтимоӣ тариқи омӯзиш ва олимпизм»-и Шӯрои олимпии Осиё ҳамоиши омӯзишӣ доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссияи варзишгарони КМОТ баргузор шуд, 16 варзишгардухтар аз намуди таэквондо WT ҷалб шуданд.
Директори генералии КМОТ, раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ Мавзуна Чориева дар ифтитоҳи ҳамоиш гуфт, ки мақсад аз татбиқи барнома ҷалби бештари бонувон ба варзиш мебошад.
«Дар Ҳаракати олимпӣ ба мавқеи бонувон ва баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 иштироки баробари мардону бонувон дар назар аст. Дар робита ба ин, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ барои ҷалби бонувон ба варзиш тадбир меандешад. Мо хушҳолем, ки шумораи зиёди бонувон ба намуди олимпии таэквондо машғуланд ва тариқи баргузории чунин ҳамоишҳо метавонем духтаронро ба дигар намудҳои варзиш низ ҷалб намоем», — гуфт М. Чориева.
Ба иштирокчиён муддати панҷ рӯз мутахассиси соҳаи варзиш Исматулло Хоҷаев доир ба мавзӯъҳои гуногун маърӯза хонда, сипас миёни онҳо мусобиқа баргузор шуд.
Ба ғолибону ҷоизадорон медалҳо ва ба ҳамаи иштирокчиён либос ва таҷҳизоти варзишии таэквондо тақдим шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






