Муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои гузаронидани фасли зимистон омодаанд

Декабрь 7, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо ҷараёни омодагии муассисаҳои вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистон шинос гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар робита ба ҷараёни корҳои анҷомдода барои давраи зимистони имсола дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи зимистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Зикр гардид, ки ҳоло муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот ва шабакаҳои барқӣ ба зимистон омодаанд.

Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон 61 анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо иқтидори 15026 тонна ва 66 адад сардхона бо иқтидори 24025 тонна барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд.

Ба ҳолати 1 декабри соли равон дар сардхонаҳо ва анборҳои вилоят 1394 тонна полезӣ ва мевагиҳо захира гардидаанд. Аз ҳисоби соҳибкорон дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят 6460 тонна орд, 1220 тонна равғани растанӣ, 3700 тонна картошка, 4300 тонна пиёз, 2200 тонна сабзӣ, 1830 тонна биринҷ ва 1520 тонна шакар барои захира ба нақша гирифта, то 1 декабр захираи ин анвои маҳсулот аз 100 то 105,7 фоиз иҷро шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят таъминоти ангишт 11866 тонна, таъминоти ҳезум 24963 м3, таъминот бо сӯзишвории дизелӣ 61865 литр ва шишабандӣ 100 фоиз иҷро гардидааст.

Дар мувозинаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо 312 дегхона мавҷуд буда, 213 адад он дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронӣ 14068 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 31 тонна ангишт, 167 метри мукааб ҳезум, 46346 тонна сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта, 168 адад техника дар ҳолати корӣ қарор доранд.

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 7, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
Дар Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҷаласа доир шуд
Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад
Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид