Наврӯз Ҷаъфаров: «Ба сокинон тавсия медиҳем, ки ҳангоми зуком ниқоб пӯшанд, то наздикон ва дигаронро бемор накунанд»

Декабрь 22, 2022 11:12

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ, тайи ду рӯзи гузашта гирифторӣ ба зукоми мавсимӣ дар Тоҷикистон кам гардидааст. Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми зуком ниқоб пӯшанд, то наздикони худ ва дигаронро гирифтори беморӣ накунанд. Ин нуктаро Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ҶАЪФАРОВ ба АМИТ «Ховар» баён дошт.

Наврӯз Ҷаъфаров вобаста ба ҳангомаҳои сокинон, ки дар мамлакат эҳтимол бемории коронавирус ё зукоми хук хуруҷ карда бошад, иброз дошт, ки «соли равон дар Тоҷикистон гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст, вале барои пешгирии беморӣ дар мамлакат эмкунӣ идома дорад. Бемориҳои роҳҳои нафас оризаҳои тақрибан якхела доранд. Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати якбора баланд шудани ҳарорати бадан – аз 38,0 то 40-41 дараҷа, заъфи шадиди умумӣ ё дарди мушаку буғумҳо бояд ба мутахассисони тиббӣ муроҷиат кунанд ё ба хона духтур даъват намоянд».

Н. Ҷаъфаров – сардори Раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Тавре агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» иттилоъ додааст, бинобар вазъи эпидемиологӣ дар соли таҳсили ҷорӣ 172 муассисаи таълимӣ ба ҳолати карантин гузаронида шудаанд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки «тибқи таҳлилҳо, ҳоло дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон зарурати ба карантин фаро гирифтани хонандагон бинобар бемории зуком вуҷуд надорад».

Ӯ илова кард, ки хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат баъд аз чанд рӯз ба таътили зимистона мебароянд.

Бояд гуфт, ки баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, бемории зуком зиёд мешавад. Дар вақти якбора иваз шудани боду ҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.

Ба гуфти табибон, дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида карда мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф, гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар, риоя нагардидани тозагии шахсӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад.

Табиби сироятшинос Муродалӣ Сафаралиев иброз намуд, ки бояд гирифторони бемориҳои роҳҳои нафас, хусусан зуком зуд-зуд нӯшидани оби ҷӯшомадаро фаромӯш насозанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ба ин гуна беморон нӯшидани лимӯчою асалчой низ тавсия дода мешавад. Зеро лимӯ дар таркибаш кислотаи аскарбинӣ дорад ва метавонад иммунитети одамро қавитар кунад. Агар дар рагҳои хунгард кислотаи аскарбинӣ нарасад, онҳо беқувват мешаванд ва гардиши хунро вайрон мекунанд. Барои ҳамин ҳам аксари доруҳои зиддивирусӣ ё зуком дар таркибашон лимӯ ё кислотаи аскарбинӣ доранд.

Сирояти шадиди роҳҳои нафас барои ҳомиладорон хавфнок аст. Зеро он метавонад ба инкишофи тифли батни онҳо зарар расонад. Барои ҳамин ҳам занони ҳомила бояд бештар эҳтиёткор бошанд. Дар марҳилаи семоҳагиии ҳомиладорӣ қариб, ки дору таъйин карда намешавад. Инчунин кӯдакони то 1-сола низ оризаҳои бемории мавсимии зукомро мушкил мегузаронанд ва онҳоро бояд бештар эҳтиёт намуд.

Муродалӣ Сафаралиев иброз медорад, ки зуком тавассути ҳаво ё қатрагӣ аз шахси бемор ба нафари солим сироят мекунад. Аз ин рӯ ҳавоивазкуниро дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ аз хотир набароред. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст, худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Дар ин рӯзҳо эпидемияи зуком дар бисёр кишварҳо авҷ гирифтааст. Бо вуҷуди ин, аломатҳои ин беморӣ тақрибан ба нишонаҳои штамми «омикрон» якхелаанд. Олимони дигар кишварҳо дар ин бора хулосаҳои худро чунин баён намудаанд: «Давраи инкубатсионии вируси зуком хеле кӯтоҳ — 1-2 рӯз аст, дар ҳоле ки нишонаҳои аввалини коронавирус танҳо пас аз 4-6 рӯз пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, агар шумо як рӯз пас аз муошират бо бемори зуком касал шавед, эҳтимоли зиёд аст, ки шумо низ гирифтори зуком шудаед. Илова бар ин, зукоми маъмулӣ аксар вақт боиси дарди мушакҳо, буғумҳо, устухонҳо ва инчунин дарди сар мегардад.
Ҳарду бемориҳо бо якбора баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, сулфа ва заъфи умумӣ оғоз мешаванд. Барои ташхиси дақиқ, санҷиши ПCР зарур аст. Аммо дар шаклҳои сабуки ҳарду беморӣ тадбирҳои муолиҷа як аст: истироҳати бистарӣ, нўшидани оби ҷӯш ва лимӯчой, дар ҳарорати болотар аз 38 дараҷа ва дарди сар — истеъмоли доруҳои табпасткунанда ва таскиндиҳанда. Табобат дар хона бояд на камтар аз як ҳафта давом кунад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2022 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид