ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад

Декабрь 6, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 06.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии  ҷумҳурӣ барф меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8 дараҷа хунук,  рӯзона 1+6 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  абрнок, дар водиҳо ҳавои асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғи шадид мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук,  рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан  барф меборад. Рӯзона дар водиҳо ҳавои  асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғи шадид мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, шабона барфи суст меборад. Рӯзона асосан ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 6, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ