Пешвои миллат: «Ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хосса доранд»
ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нав хотирнишон намуданд, ки соли 2022 дар ҷодаи тақвияти пояҳои истиқлолияти давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли махсусан назаррас буд.
Дар ин давра, бино ба таъкиди Сарвари давлат, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти хосса пайдо карданд.
«Илова ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси навбатии мо оид ба «Соли байналмилалии пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 якдилона дастгирӣ ёфт», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки ин рӯйдоди муҳиму таърихӣ, бешубҳа, гувоҳи эътирофи нақши арзишманд ва мақоми шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қатъномаи мазкур 14 декабри соли 2022 қабул карда шуд.
Дар асоси он пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба эълон намудани 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва вобаста ба ин мавзӯъ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид






