Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии СААД дар Москва иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 5 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми АП СААД таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии аъзои АП СААД масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти созмон ва натиҷаҳои асосии фаъолияти онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар марҳилаи таърихии 30 соли баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20 соли таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкории давлатҳои аъзои ин созмони байниминтақавӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои ҳампаймонӣ роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба даст омадааст.

Дар ин зимн муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ихтилофҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада, ки барои рушди аксари кишварҳо мушкилот эҷод мекунанд, равона сохта, вобаста ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД таъкид доштанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати анҷоми корҳои босамару назарраси он дар давраи раёсат дар созмон изҳори сипос намуда, ҳамчунин ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат баҳри татбиқи зарфияти ин кишвар дар давраи раёсат дар созмон иброз доштанд.

Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ якчанд санадҳо қабул карда шуданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо якчанд тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул карда шуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ гардида, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти созмон барои соли оянда тасдиқ карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд






