«РАССОМИ НАВРАС». Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Озмуни истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов Озмуни истеъдодҳои наврас таҳти унвони «Рассоми наврас» ҷамъбаст гардид, ки аз миёни 322 эҷодкор 33 нафар соҳиби Диплом ва 12 кас ғолиби озмун дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Дар озмуни имсола шумораи иштирокдорон беш аз 200 нафарро ташкил дод. Озмун дар ду давр- аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои Истиқлолият, Тоҷикистон, Ватан, сулҳ, ваҳдат ва аз рӯи синни аз 7 то 18 дар се гурӯҳ: гурӯҳи хурдсол (аз 7 то 10- сола), гурӯҳи наврасон (аз 11 то 14-сола) ва гурӯҳи наврасон (аз 15 то 18-сола) баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбаст ва мукофотсупорӣ ба ғолибони озмун муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳайати ҳакамон ва устодон иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки Озмуни «Рассоми наврас» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон дар соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, санъати ороишӣ-амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ), таблиғу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон, омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон, ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба санъати рассомӣ, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон, интихоби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои таълими миёна ва миёнаи касбии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии рушди соҳа гузаронида шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






