Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст аз Душанбе ба Исломобод парвоз анҷом дод
ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст аз Душанбе ба Исломобод парвоз анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти «Сомон Эйр» хабар доданд.
Ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд. Ин ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав мебахшад.
Имсол ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд. Ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин сол басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Душанбе ва Исломобод дар як минтақаи вақтӣ қарор доранд, ки ин албатта, барои мусофирон хеле мувофиқ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737 — 800/900 сурат мегиранд.
Хотиррасон мешавем, ки ширкати «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Бехатарӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалияти ширкат мебошанд.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
АКС: ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






