Соли 2023 сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб, Данғара – Гулистон, Гулистон – Фархор ва Бохтар – Левакант – Данғара оғоз мешаванд

Декабрь 26, 2022 15:09

ДУШАНБЕ, 26.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 131,7 миллион сомонӣ корҳои таъмиру навсозии роҳҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар айни замон дар роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар, Балҷувон — Сари Хосор, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт корҳои сохтмонӣ идома доранд. Илова ба ин, дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод, Кӯлоб, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва дигар шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунӣ ва сангфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида мешаванд. Дар ин бора зимни баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилотти Хатлон, ки имрўз дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду навсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи лоиҳаи таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) шурўъ гардид. Илова бар ин, соли 2023 дар ҳудуди вилоят татбиқи 4 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр) ва Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр) оғоз мешаванд.

Таъкид гардид, ки соли 2022 сарфи назар аз таъсири таҳаввулоти байналмилалӣ барои мардуми шарифи вилояти Хатлон бобарор ва соли амалигардонии рушди иқтисодию иҷтимоӣ буд. Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин шуда, ба буҷети вилоят як миллиарду 868,9 миллион сомонӣ ворид гардид.

Ба гуфтаи Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар вилоят 53958 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда ба қайд гирифта шудааст.

«Дар доираи татбиқи ҳидоятҳои дурбинона ва оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба 23,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,6% ё баробар ба 1,5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст»,- тазаккур дод Қурбон Ҳакимзода.

Дар иҷлосия иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025», ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар 108 лоиҳа ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки дар маҷмӯъ 34 фоизи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи панҷсоларо ташкил дод.

Раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,5 миллиард сомонӣ расида, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 123 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ва 1445 нафар дар ин коргоҳҳо бо ҷойи нави корӣ таъмин карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Декабрь 26, 2022 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад