СТАНИСЛАВ ЗАС СУХАНОНИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ДАСТГИРӢ КАРД. Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳаддуди пайваста аз қаламрави Афғонистонро таъйид сохт

Декабрь 6, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро бояд таҳким бахшид, гуфтанд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ. Дар ин хусус сарвари палатаи болоии Парлумони ҶТ дар ҷараёни ҷаласаи якҷояи XV Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД), ки рӯзи душанбе, 5 декабр дар Маскав доир гардид, изҳори назар намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти АП СААД.

Рустами Эмомалӣ аз вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.

«Ба ҳолати имрӯза он (вазъият дар Афғонистон – Тавз. АМИТ «Ховар») нишондиҳандаи як таҳдиди воқеӣ ва мӯҳтамал ба манофеи амнияти дастаҷамъона мебошад. Дар чунин вазъият кишварҳои мо бояд ҷиҳати таъмин ва таҳкими сарҳадоти ҷанубии СААД ва ба ҳадди ақал расонидани таҳдиди хатар тадбирҳои фаврӣ андешанд», — иброз доштанд Рустами Эмомалӣ.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба афзоиши таҳдидҳо дар ҳоли ҳозир аз қаламрави Афғонистон, амсоли терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.

Суханони Рустами Эмомалӣ роҷеъ ба он, ки терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз таҳдидҳои асосӣ аз қаламрави Афғонистон ба шумор мераванд, аз ҷониби Муншии умумии СААД Станислав Зас пуштибонӣ ёфтанд.

«Дар минтақаи Осиёи Марказӣ воқеан ҳам чолишҳо ва таҳдидҳои ношӣ аз қаламрави Афғонистон нигаронкунандаанд. Ин, қабл аз ҳама, хавфи зиёди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мебошад», — изҳор намуд Зас зимни суханронии худ дар ин ҷаласа.

Бино ба суханони ӯ, «дар чунин шароит расонидани кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам сохтани сарҳадоташ бо Афғонистон масъалаи муҳими рӯз боқӣ мемонад».

Станислав Зас бар илова зикр намуд, ки дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Гурӯҳи кории назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД оид ба Афғонистон, ки баргузории он 8 декабри ҳамин сол дар назар дошта шудааст, бояд перомуни ин масъала табодули амиқи дидгоҳҳо сурат бигирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид