ТОҶИКИСТОН ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ ТАЪСИС МЕДИҲАД. АМИТ «Ховар» дар бораи чӣ будани IT-парк, зарурат ва арзиши сохтмони он нақл мекунад

Декабрь 29, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар воситаҳои ахбори омма иттилое паҳн гардид, ки Россия дар ҳудуди Тоҷикистон паркҳои технологӣ ва филиалҳои паркҳои технологиашро мекушояд. Дар ин бора, аз ҷумла, чанде пеш раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Вместе-РФ» хабар дод.

«Таъсиси паркҳои технологии муштарак, ба андешаи мо, ғояи бисёр ҷолиб ва саривақтист», — гуфт ӯ. Ҳамчунин ӯ аз пешниҳоди ифтитоҳи филиалҳои паркҳои технологии Россия дар Тоҷикистон хабар дод.

Тавре Лилия Гумерова илова кард, ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистон ва Россия таваҷҷуҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки аксари кишварҳо дорои таҷрибаи ташкили паркҳои технологии муштарак (ё IT-паркҳо) мебошанд. Масалан, худи Россия ва Чин. Дар ҳудуди Россия парки технологии Россияву Чин «Дружба» дар Москва ва паркҳои технологии Чину Россия дар Чанчун (музофоти Тсзилин), Тсюйхуа (музофоти Чжэтсзян), Харбин (музофоти Хэйлунтсзян), Шэнян (музофоти Ляонин) ва Янтай (музофоти Шандун) фаъолият доранд.

Дар худи Россия, дар Москва ва зиёда аз 60 манотиқи ин кишвар имрӯз зиёда аз 300 парки технологӣ мавҷуданд. Танҳо дар Москва тақрибан 35 парки технологӣ ва полисҳои технологӣ (маълумот аз махзани сармоягузорӣ) фаъолият доранд, ки маъруфтарини онҳо Сколково мебошад.

Парки технологӣ чист ва он чӣ зарурат дорад?

Парки технологӣ (ё IT-парк)- пойгоҳи ҳудудӣ, илмӣ, технологӣ ва техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мебошад. Ин маҷмааест, ки институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои тиҷоратӣ, иншооти саноатӣ, майдонҳои намоишгоҳ, инчунин иншооти хизматрасонӣ: воситаҳои нақлиёт, роҳҳои даромадгоҳ, маҳаллаҳои истиқоматӣ ва бехатариро фаро мегирад. Ин қаламрави имконият ва ҳамгироии истеҳсолот, илм, маориф ва технологияҳои олӣ мебошад. Дар парки технологӣ шахсони лаёқатманд метавонанд ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил диҳанд.

Паркҳои технологӣ ҳамзамон ҳам технологияҳои нав ва ҳам кадрҳоро барои ширкатҳо омода мекунанд ва инчунин метавонанд барои рушди соҳаҳои мушаххас ва мубориза бо «нарасоии кадрҳо» истифода шаванд. Дар байни механизмҳое, ки барои ин истифода мешаванд, грантҳо, имтиёзҳои андоз ва иҷораи арзони биноҳо ҳастанд.

Вазифаи асосии парки технологӣ тамаркузи ширкатҳои хурди инноватсионӣ дар як маҷмаа мебошад. Дар чунин вазъият синергияро тавассути ҷойгиркунии таҷҳизоти муштарак, марказҳои шаҳодатномакунонӣ, муҳандисӣ, прототипсозӣ, дастгирии содирот ва дигар унсурҳои мавриди таваҷҷуҳи сокинони гуногун ба даст овардан мумкин аст. Илова бар ин, худи фазои парки технологӣ, муоширати фаъоли сокинони он, ҳатто агар онҳо бо ҳам робитаи мустақими ҳамкорӣ надошта бошанд ҳам, омили муҳим аст.

Бинобар ин, вазифаи асосии ширкати идорӣ фароҳам овардани чунин муҳити созанда ва пур кардани парки технологӣ бо вазифаҳои хидматрасонӣ мебошад. Маҳз он гоҳ иншоот воқеан аз ҷониби тиҷорати инноватсионӣ талабгор мегардад. Яъне, пуррагардонии фаъолонаи минтақаҳои он бо иҷорагирон-резидентони мақсаднок рух медиҳад, зикр мекунад коршинос.

Парки технологӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ чӣ тафовут доранд?

Ҳоло дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ «Суғд», МОИ «Кӯлоб», МОИ «Данғара», МОИ «Панҷ» ва МОИ «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.

Моҳи марти соли 2011 дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» қабул гардид. Дар он гуфта мешавад: «Минтақаи озоди иқтисодӣ- ин қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда мебошад, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст».

Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд ва ё ба таври кироя кор мекунанд, низоми содакардашудаи вуруд, баромадан ва будубош, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, татбиқ мегардад.

Яъне, минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаҳои дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар асоси додани имтиёз шароити мусоид фароҳам меоранд. Парки технологӣ барои резидентҳо имтиёзҳо дар шакли андоз, гумрук ва ғайра пешниҳод наменамояд.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд дар сарҳади дигар кишвар ё ҳатто дар минтақаи бетараф таъсис дода шаванд. Ин дучанд мувофиқтар аст, агар масалан, ба резидент барои кор таҷҳизоти гаронбаҳо лозим бошад – онро метавон ба минтақа бидуни расмиёти гумрукӣ ворид кард. Маълум аст, ки озод кардани корхонаҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ маънои кам кардани муҳлати баровардани харҷро дорад.

Яъне, минтақаи озоди иқтисодӣ назар ба парки технологӣ ғояи амиқтар ва ҷаҳонитар аст.

Бартариҳои паркҳои технологӣ дар чист?

Паркҳои технологиро на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар шаҳраку ноҳияҳо низ метавон ташкил кард. Дар ин ҷо омили асосӣ мавҷудияти потенсиали илмию техникӣ ва/ё талабот ба коркардҳои амалӣ мебошад. Аз ин рӯ, паркҳои технологӣ метавонанд дар шаҳрҳои илмӣ ё дар шаҳракҳое, ки дар онҳо корхонаҳои бузурги технологӣ ҷойгиранд (аз ҷумла, шаҳракҳои яксоҳавӣ) фаъолият намоянд. Чизи дигар ин аст, ки дар чунин мавридҳо миқёси паркҳои технологӣ ба таври қобили мулоҳиза назар ба шаҳри калон хурдтар мешавад, аммо самаранокии он метавонад ҳатто баландтар бошад.

Манфиатҳои сокинони шаҳр ё ноҳияе, ки дар он парки технологӣ ҷойгир аст, ин ҷойҳои нави кории иловагии баландихтисос ва даромадҳои андоз, тавсеаи имконият барои фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионӣ, болоравии нуфузи шаҳр (ноҳия) ва нигоҳ доштани ҷавонони ояндадор аз муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳанд буд.

Ҳамин тариқ, агар барномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои технологиро аз нигоҳи хароҷоти умумӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба назар гирем, самаранокии сохтмони паркҳои технологӣ нисбат ба барномаҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ хеле баландтар аст.

Барои бунёди парки технологӣ чӣ қадар маблағ зарур аст?

Дар робита ба сармоягузорӣ ба чунин лоиҳаҳо маблағи онҳо метавонад тафовути хеле калон дошта бошад. Пеш аз ҳама, ҳаҷми сармоягузориҳои молиявӣ бо се омил муайян карда мешавад: якум – миқёси худи парки технологӣ; дуюм — парки технологӣ аз сифр бунёд карда мешавад (сохтмони биноҳои нав) ё барои он иншооти мавҷуда истифода мегарданд; сеюм — таҷҳизоте, ки дар ҳудуди парк гузошта мешаванд.

Миқдори хоси сармоягузориҳои зарурӣ, тибқи ҳисобҳои тахминӣ, аз 7 миллион то 70 миллион сомонӣ (мутаносибан аз 687 ҳазор то 6,5 миллион доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Нахустин парки технологӣ дар Тоҷикистон

Нахустин парки технологӣ дар Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд Smart City)» хоҳад буд, ки дар шаҳри Душанбе бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат ба рушди босуръати соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар мебошад.

ДАР АКС: намунаи парки технологӣ, ки дар Душанбе бунёд мешавад

Тавре АМИТ «Ховар» дар бораи лоиҳаи мазкур навишта буд, мақомот ба корхонаҳои навкор ва тиҷорати хурд дар бахши технологияҳои иттилоотӣ дар тиҷоратикунонии натиҷаҳои инноватсия мусоидат хоҳанд кард. Дар парки технологӣ омӯзиши аҳолӣ ва ҷавонон бо мақсади ташаккули синфи муосири мутахассисони баландихтисос ба нақша гирифта шудааст. Барои ин онҳо бо ҷалби корхонаву мутахассисони пешқадам дарсҳои маҳорат, омӯзишҳо ва бурсҳои такмили ихтисос, инчунин конфронсҳои илмию амалӣ ва машғулият ташкил менамоянд. Барои татбиқи муштараки лоиҳа сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Илова бар ин, 1 ноябри соли равон Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои яккарата, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ашёи рӯзгор равона мегардад.

ДАР АКС: оғози сохтмони парки технологӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд. Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд. Дар ин замина таъкид гардид, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.

Аввалин паркҳои технологӣ дар ҷаҳон дар куҷо пайдо шудаанд?

Таърихи паркҳои технологӣ аз Донишгоҳи Стэнфорди ИМА сарчашма мегирад. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ донишгоҳ бо маблағгузорӣ мушкилӣ дошт ва иҷора ба ҳалли он мусоидат кард. Донишгоҳ соҳиби замини калон буд, аммо онро фурӯхта наметавонист. Он замон декани факултаи муҳандисӣ, профессор Фредерик Терман ба роҳбарият пешниҳод кард, ки заминро хамчун парки идоравӣ ба иҷораи дарозмуддат диҳад. Гузашта аз ин, танҳо ширкатҳои технологияи баланд метавонистанд иҷорагирони парк бошанд. Ҳамин тариқ, донишгоҳ даромад ба даст овард ва хатмкунандагони он тавонистанд дар парк кор пайдо намоянд.

Ҳоло ин макон «Stanford Research Park» ном дошта, дар он беш аз 200 ширкат фаъолият дорад. Дар он инфрасохтори нақлиётӣ рушд ёфта, ба он аз маркази кампуси Донишгоҳи Стэнфорд метавон пиёда рафт. 20 сол пеш, ширкати «VMware» идораи кӯчаки камтар аз 50 метри мураббаъро ба иҷора гирифта буд ва ҳоло дар он беш аз 50 000 нафар кор мекунанд.

Баъдан ғояи профессор Терман ибтидои водии Силикон (The Father of Silicon Valley) гардид. Имрӯз резидентҳои водии Силикон ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, ба монанди «Apple», «Intel», «Hewlett-Packard», «General Electric», «Google» ва ғайра мебошанд.

Ҳоло дар ҷаҳон ҳудуди 2500 парки технологӣ мавҷуд аст, ки тақрибан 300-тоаш дар ИМА, беш аз 600-тоаш дар Иттиҳодияи Аврупо, наздик ба 110-тоаш дар Ҷопон ва беш аз 80-тоаш дар Чин фаъолият доранд. Онҳо муҳимтарин унсури экосистемаи инноватсионӣ буда, нуқтаҳои рушди иқтисоди минтақаҳоро ташаккул медиҳанд ва ба ширкатҳои хурду миёнаи технологияҳои баланд имкон фароҳам меоранд, ки хароҷоти пешбурди тиҷоратро коҳиш диҳанд ва босуръат рушд намоянд.

Хулоса

Ҳоло саноати ҷаҳонӣ дар арафаи ба ном инқилоби чоруми саноатӣ қарор дорад, ки ин боиси пурра автоматӣ кунондани аксарияти равандҳои истеҳсолӣ, тағйир додани усулҳои истеҳсолот ва аз нав тақсим кардани бозор мегардад. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳамқадам будан бо кишварҳои дигар саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуда, солҳои 2020-2026-ро Солҳои рушди саноати кишвар эълон намуданд.

Моҳиятан, Сарвари давлат дар назди кишвар ҷиҳати гузаштан ба технологияҳои пешрафтаи рақамӣ ва зеҳнии истеҳсолӣ вазифаҳои бузург гузоштанд.
Дар шароити кунунӣ татбиқи сиёсати нави самараноки саноатӣ, ки яке аз воситаҳои асосии он паркҳои технологии саноатӣ мебошанд, авлавияти аввалиндараҷа мегирад.

Саид АЛӢ,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид