ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. Иттиҳоди Аврупо «Иқтисоди сабз»-ро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Декабрь 10, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 10.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER — Маҷлиси 8-уми иқтисодии Душанбе дар мавзӯи «Рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар доираи татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» таҳия шудааст.

Конфронсро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён Саъдулло ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиён иттилоъ дод, ки 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул карда шудааст.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Манучеҳр Баҳодур дар мавзӯи «Энергетикаи «сабз» дар Тоҷикистон» маърӯза намуд.


Вохӯрӣ дар шакли омехта (иштироки мустақим ва маҷозӣ) 150 нафар иштирокчиёни маҳаллӣ ва байналмилалиро, ки аз бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ намояндагӣ мекунанд, ба ҳам овард, ки дар якҷоягӣ Рушди «иқтисоди сабз»-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Иштирокчиён инчунин дар чорабинии мазкур натиҷаи кору фаъолияти бомуваффакияти худро дар шакли маҳсулот ва хизматрасонӣ ба намоиш гузоштанд.

Ҷаноби Раймундас Кароблис, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки тағйирёбии иқлим ва таназзули муҳити зист ҳам барои Аврупо ва ҳам барои Тоҷикистон як таҳдиди воқеӣ аст. «Мо ба иқтисоди сабзи муосир, каммасраф ва рақобатпазир ниёз дорем».

Дар рафти конфронс вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон оид ба асноди стратегӣ ва сиёсати иқтисодие, ки ба рушди «иқтисоди сабз» нигаронида шудаанд, гузориш дода, бо таҷрибаи татбиқи принсипҳои «иқтисоди сабз» дар бахши хусусӣ ошно шуданд ва ҳамчунин масъалаҳои таҷрибаи минтақавӣ ва байналмилалро баррасӣ карданд. Бахши муҳими Маҷлиси иқтисодии Душанбе баҳсҳои ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорон ва намояндагони ҷомеаи илмӣ буд.

Хонум Сабина Олтхоф, директори GIZ дар Тоҷикистон низ гуфтааст, — «Тоҷикистон зарурати рушди «иқтисоди сабз»-ро пеш аз ҳама барои он медонад, ки аҳолии деҳот аз захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо вобастагӣ дорад».

Дар натиҷаи муҳокимаҳо иштирокчиён фаҳмиши умумии аҳамияти «иқтисоди сабз» дар давраи миёнамӯҳлатро муайян намуда, барои ба як ҷозибаи сайёҳӣ табдил додани осорхона тавсияҳо доданд.

БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.

Декабрь 10, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд