30 январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз карда мешаванд

Январь 24, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 30 январ вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2023 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, нишастҳои матбуотӣ 30 январ оғоз гардида, 17 феврал ба охир мерасанд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Январь 24, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад