ҶДММ «ММК Агро» дар Суғд зиёда аз 83 ҳазор кг маҳсулот истеҳсол намуд

Январь 16, 2023 16:55

СУҒД, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 83503 кг баробар гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, хабар дод роҳбари корхона Абдухолиқ ҚОБИЛОВ ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдуло МАҲКАМ.

Маҳсулоти истеҳсолшуда асосан дар бозорҳои дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Гармхонаи муосир дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст. Дар он асосан парвариши 2 намуди помидори навъҳои голландии «Замира» ва «Дафлис» роҳандозӣ шуда, минбаъд парвариши дигар намудҳои он дар назар дошта шудааст. Дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш карда мешавад.

Дар гармхона парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникӣ ва органикӣ роҳандозӣ шуда, барои гирифтани ҳосили хуб 13 навъи маводи ғизоӣ тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад.

«Дар қисмати гидропоникӣ, ки 2,3 гектари гармхонаро ташкил медиҳад, нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ ва бо истифода аз технологияи насли нав амалӣ гашта, муътадилии ҳарорати дохил тариқи системаи буғӣ дар ҳамаи мавсими сол таъмин мегардад. Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳамаи амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати ҳаво бо усули радиаторӣ, яъне гармии сунъӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона дастгоҳи гармирасон насб гардидааст.

«Дар айни замон дар корхона 25 коргар фаъолият мекунанд, ки 20 нафарашон занону духтарон мебошанд. Музди маоши кормандон дар як моҳ ба ҳисоби миёна 700-800 сомониро ташкил медиҳад»,- иброз дошт Абдухолиқ Қобилов.

Ёдовар мешавем, ки гармхонаи ҶДММ «ММК Агро»-ро 13 ноябри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки мардуми меҳнатдӯсту матиниродаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти кишоварзиву саҳродорӣ, деҳқониву заминдорӣ ҳамто надорад. Анвои зиёди маҳсулоти озуқаворӣ — меваи хушки босифат, сабзавоту меваҳои тару тоза ва дигар маҳсулоти хушлаззати кишоварзӣ маҳз дар ин ноҳия парваришу истеҳсол гардида, дастраси сокинони шаҳр ва берун аз он мегардад. Саҳми кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории шаҳру вилоят ва мамлакат назаррас мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар

Январь 16, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид