«Қаламрави пиряхҳо», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 19, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳиме, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, бозтоб гардиданд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи сешанбе, 17 январ, №18 (24 629) таҳти унвони «Суғд. Соле, ки гузашт бобарор буд» мавод оид ба натиҷагирии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022  нашр намудааст. Дар гузориш зикр шудааст, ки «дар давраи ҳисоботӣ аз 859 корхонаи саноатӣ 566 корхона ё  65,9 дарсад нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардошта, сатҳи истеҳсоли 188 корхона (21,9 дарсад) паст шудааст».

Дар ин шумора хонандагон имкон доранд, ки таҳти унвонҳои «Ҷаҳон. Эътирофи ташаббустҳои Тоҷикистон эътрофи миллат аст», «Ваҳдат. Коргоҳро бастанду 30 нафар бекор монд. Чаро?», «Сайёҳӣ. Тамоюлҳои нав дар бозори ҷаҳонӣ ва интизориҳо аз соли 2023», «Шаҳри Турсунзода. Дар истифодаи замин адолат таъмин аст» ва дигар матолиби ҷолибу хонданиро мутолиа намоянд. Инчунин дар рубрикаҳои «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳон» хонандагон имкон доранд аз хабарҳои тӯли ҳафтаи равон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста огаҳӣ ёбанд.

Муаллифи маводи «Сайёҳӣ. Тамоюлҳои нав дар бозори ҷаҳонӣ ва интизориҳо аз соли 2023» чунин нигоштааст: «Дар натиҷаи азму талошҳои ниҳодҳои дахлдори сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат ва дигар тадбирҳои муассир дар ин самт андешидашуда Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва ҷавҳари кашфношуда шинохта шуд…». Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи онро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 18 январ, №14(4597) дар саҳифаи аввали худ дар бораи қабул шудани қонуни нав «Дар бораи  муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда» хабар додааст. Дар он зикр мегардад, ки «раванди босуръати инкишоф муносибатҳои устувори иқтисодӣ, рушди технологияҳои муосир ва усулҳои нави хизматрасонии молиявӣ ба такмил ёфтани тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ боис гардид, ки яке аз омилҳои муайянкунандаи такмил ва дар таҳрири нав пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур ҳанӯз соли 2011 қабул гардида, дар тӯли ин солҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ тағйироти назаррас ба мал омада, усулҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ пайдо гардиданд…».

Муаллифи мақолаи «Зарурати аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ» аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъзе олимони кишвар мавҷудияти «КОА»-и миллиро чун як навъ омили осони сабукбории ҳимояи диссертатсияҳо қабул кардаанд, ки ин мутлақо ғалат аст. А. Розиқзода нигоштааст, ки «илм, дастоварди нави илмӣ ҳар ҷое, ки бошад, кори саҳлу сода нест ва он меҳнату машаққат, бедорхобию аз худ гузаштанҳоро дар пай дорад. Бо таъсиси «КОА»-и миллӣ Президенти мамлакат мушкилоти сарсонию саргардонии ҷавонони илмдӯсти миллатро ҳал карданд, вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки корҳои таҳқиқоти илмии бебунёду камарзиш ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, бо ҳар роҳу васила осон аз ҳимоя гузаранд. Баръакс, таҳқиқоти диссертатсионии ҷавонон бояд ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат равона шуда бошанд…»,-идомаи матлабро хонандагон имкон доранд аз ин шумора мутолиа намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 18 январ, №3 (1400) зери унвони «Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон», «Афв- меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат», «Қаламрави пиряхҳо», «Сардиҳо мегузаранд…», «Хондани китоб умри инсонро тӯлонитар мекунад», «Театр барои мардум аст» ва дигар матлабҳои таҳлиливу хонданиро рӯйи нашр овардааст.

«Қаламрави пиряхҳо» — таҳти чунин сарлавҳа дар рубрикаи мусоҳибаи нашрия суҳбати тахассусии хабарнигори ҳафтанома бо Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов рӯйи нашр омадааст. Директори Марказ аз он изҳори ташвиш намудааст, ки пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорат хеле кам шуда, босуръат об мешаванд. «Дар натиҷа ин хатари экологӣ боиси нигарониҳои зиёд гардида, тағйирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳои истеҳсоли ғизо ва саломатии мардуми сайёра таъсири манфӣ расонад…Агар соли 2007 дар пиряхи Федченко пайдо шудани нишонаҳои обшавӣ 31,6 %-ро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар баъзе қитъаҳои пирях соли 2012 ба 34,3% рост омада буд. Соли 2021 аз рӯи мушоҳидаҳои моҳворавӣ дар пиряхҳои Бивачний, ки дар паҳлӯи рости пиряхи Федченко ҷойгир мебошад, пайдо шудани 30% обшавии пирях ба мушоҳида расидааст…».

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад