«Андоз аз блогерон. Он чӣ гуна ситонида мешавад?», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳиме, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, бозтоб гардиданд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи сешанбе, 24 январ, №22 (24 633) таҳти унвони «Иқтисоди ҷаҳон. Оё он имсол ба таназзул мувоҷеҳ мешавад?», «Ҳисор. Рушди саноат таваҷҷуҳи бештар мехоҳад» ва дар рубрикаи «Тоҷикистон» мавод оид ба иқтисоди миллӣ ва ҷаҳон дар соли 2023, рушди саноат ва соҳибкорӣ дар шаҳри Ҳисор, инчунин хабарҳои муҳим аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро нашр намудааст.
Дар ин шумора хонандагон имкон доранд, ки таҳти унвонҳои «Варзиш. Соҳа ба ниҳоди алоҳида ниёз дорад», «Нишони давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Паём-ҳуҷҷати раҳнамо», «Модари Шуҳрат: «Писарам бачаи Ҳукумат буд…», «Кӯлоб. Бунёди 462 иншоот дар назар аст», «Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои дармонбахш» ва дигар матолиби ҷолибу хонданиро мутолиа намоянд.
Муаллифи маводи «Иқтисоди ҷаҳон. Оё он имсол ба таназзул мувоҷеҳ мешавад?» чунин нигоштааст: «…Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё дар пешгӯии макроиқтисодии худ барои соли 2023 гуфтаанд, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 босуръат рушдкунанда дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Дар ин бора ба SNG.Today дафтари матбуоти Бонки рушди Авруосиё хабар додааст.
Бонки рушди Авруосиё таъкид кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби рушди саноат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ рӯ ба афзоиш аст.
Таҳлилгарони Бонки мазкур охири соли гузашта афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2023-юм 6,5 дарсад пешбинӣ намудаанд. Инчунин онҳо тахмин мекунанд, ки имсол таваррум дар Тоҷикистон 0,9 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.…». Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи онро аз ин шумора мутолиа намояд.
Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 20 январ, №15 (4598) дар саҳифаи аввали худ фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба таъйиноти кадрӣ ва маводро зери унвони «Ғолибони озмуни Маҷлиси намояндагон муайян ва қадрдонӣ шуданд» ва «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон чӣ гуна амалӣ мешавад?» нашр кардааст.
Хонанда имкон дорад, ки аз ин шумора маводи зерин- «Захираҳои табиӣ метавонанд ба ободии роҳҳои маҳаллӣ мусоидат кунанд», «Андоз аз блогерон. Он чӣ гуна ситонида мешавад?», «Ба қадри осоиштагӣ ва оромӣ расем» ва ғайраро мутолиа намояд.
Дар мақолаи «Андоз аз блогерон. Он чӣ гуна ситонида мешавад?» чунин нигошта шудааст: «Тибқи иттилои дастрас, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон чун «Google Comerce Limited», ки шабакаи иҷтимоии «YouTobe» яке аз зерширкатҳои он аст, «Meta Platforms Ireland Limited», ки шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Instagram» ва паёмрасони «WhatsApp» тобеи он мебошанд, «Apple», «Netflix», «Amazon» ва «Microsoft» барои фаъолият дар кишвари мо андоз месупоранд. Дар баробари ин, ҳоло дар кишвар даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоии «YouTube» ва «Instagram» саҳифаҳояшонро фаъол карда, ба таҳияи саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, мусоҳибаҳо, намоиши гӯшаҳои хушманзараи Тоҷикистон, даъвати ёрӣ ба дармондагон ва ғайраҳо машғул буда, бо ин роҳ даромад мегиранд».
«Аз Кумитаи андоз маълумот доданд, ки ҳоло ҳар семоҳа блогерон даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд ва дар умум 7 фоиз андоз месупоранд. Масалан, агар блогер дар се моҳ 10 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, 700 сомонӣ андоз месупорад», -омадааст дар мақолаи мазкур.
Ҳамчунин муаллиф бо истинод ба Кумитаи андоз иттилоъ додааст, ки бо мақсади бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба блогерӣ машғул мебошанд, феҳристи онҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати гузаштан аз бақайдгирӣ дар мақомоти андоз ба 80 шахси воқеӣ огоҳнома ирсол шудааст.
«Дар натиҷа, то якуми январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад…»,- чунин омадааст дар ин мавод. Ҳамчунин муаллиф масъалаи бақайдгирӣ дар Кумитаи андоз ва соҳиби шаҳодатнома шуданро мавриди таҳлил қарор додааст.
Дар маводи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон чӣ гуна амалӣ мешавад?» муаллиф боб ва моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро, ки 2 ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба имзо расидааст, таҳлилу баррасӣ намудааст. Дар он чунин омадааст: «…қонуни мазкур аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Самти амали он дар муқаддимааш чунин нишон дода шудааст: «Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд». Боби 1 қонун «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, моддаҳои 1-2-ро дар бар мегирад. Моддаи 1 мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашударо шарҳ дода, моддаи 2 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро мушаххас нишон додааст…».
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 25 январ, №4 (1401) маҷлиси васеи Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нашр намудааст. Инчунин дар ин шумора хабару гузориш аз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рўи чоп омадаанд.
Дар ин шумора ҳамчунин таҳти сарлавҳаи «Волидон дар тарбияи фарзанд масъуланд» матлаб ба нашр расидааст. Муаллифи он муовини Раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Душанбе Назарзода чунин нигоштааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи бисёр муҳим-зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар оила ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносоӣ ба воя расонидани онҳо изҳори андеша намудаст.
Тарбия ва ба воя расонидани фарзанд қарзи муҳим ва вазифаи масъули падару модар дар назди ҷомеа, миллату ватан ва инсоният мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» сабт шудааст, ки «падар модарон барои тарбияи фарзанд масъуланд». Барои оиларо мустаҳкам ва хушбахт кардан падару модар бояд аз илму ҳунар воқиф бошанд. Оила мактаби аввалини тарбияи фарзанд мебошад, агар дар ин зина ягон каҷравие ба амал ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои муаллимони мактабҳо ҳам кори басо душвор мегардад. Ҳар як шахс, ки ояндаи дурахшони сарзаминро орзу мекунад, бояд қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, баҳри риоя ва амалӣ гаштани он камари ҳиммат бандад».
Дар ин шумора ҳамчунин таҳти унвони «Суфраи паҳлавонӣ», «Ҳунар- оварандаи ному нон», «Сада- рамзи нури тамаддуни башар», «Сада мероси ниёгони мост», «Ҷашни миллии мардуми ориёитабор» матолиб ба нашр расидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар