Бо бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ дар шаҳри Гулистон истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ меафзояд
ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, ояндаи наздик дар фабрикаҳо истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки фабрикаи ҶДММ «Мурғи бебаҳо» дар масоҳати 3 гектар сохта шуда, дар он то 100 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Дар айни замон дар як сехи парандапарварӣ нигоҳубини 20 ҳазор сар чӯҷа ба роҳ монда шуда, бунёди сехҳои иловагӣ ҷараён дорад. Дар фабрикаи ҶДММ «Ганҷи сомон», ки дар масоҳати 1,7 гектар ташкил шудааст, ду сех пурра омода ва 12,5 ҳазор сар паранда ворид гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ саршумори паранда низ зиёд карда мешавад
Раиси вилоят ташкили фабрикаҳоро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар вилоят натиҷаи имтиёзҳои фароҳамшуда аз ҷониби давлат мебошад. Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» бо корҳои омодагӣ барои бунёди сехи нави истеҳсолӣ шинос шуд.
Дар корхонаи азими саноатӣ сехи истеҳсоли қолинҳои тафтингӣ ташкил гардида, хатҳои истеҳсолӣ аз Ҳиндустон, Австрия ва Олмон ворид карда мешаванд. Аснои муаррифии лоиҳаи коргоҳи нав таъкид гардид, ки корхона бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабулу татбиқи барномаҳои соҳавӣ ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони зиёд ва қолинҳои истеҳсолшаванда сифати олӣ доранд.
Дар шаҳри Гулистон бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Нозироти андози шаҳри Гулистон идома дорад. Роҳбари вилоят бо рафти корҳо дар он шинос шуд. Бинои маъмурӣ аз се ошёна иборат буда, айни замон 30 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Дар бинои нав, ки дорои таҳхона, 8 утоқи корӣ, утоқи «равзанаи ягона», маҷлисгоҳ, утоқи бойгонӣ аст, барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






