ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқот ба Тошканд сафар кард

Январь 25, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ барои ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба шаҳри Тошканд рафт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон 14 нафар – 3 дарвозабон ва 11 бозигар шомиланд.

Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал байни дастаҳои футзали занона аз 27 то 30 январ дар Тошканд баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» сурат мегиранд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бозии якуми худро дар ин мусобиқа 27 январ бо дастаи Узбекистон анҷом медиҳад. Дар даври дуввум 28 январ дастаи мо бо Эрон бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоӣ  дастпарварони Мустафо Афшорӣ 30 январ бо тими Қирғизистон вомехӯранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор карда мешавад. Дастаи ғолиб тибқи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал:

 Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз Зебонисо);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз Зебонисо), Мадина Фозилова (бе даста), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода (Хатлон), Комила Расулова (МВЗО) №2. «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», «Дӯстӣ).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Акс: ФФТ

 

Январь 25, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид