Дабири кулл Чжан Мин: Созмони ҳамкории Шанхай харитаи роҳро оид ба афзоиши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ омода менамояд

Январь 6, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Чжан Мин дар мусоҳиба бо «РИА Новости» гуфт, ки гурӯҳи махсуси коршиносон аз ҳисоби намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмон дар самти татбиқи харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ корбарӣ дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дабири кулл таъкид кард, ки омили муҳими роҳандозии ҳамкории муассири тиҷоративу иқтисодии давлатҳои СҲШ «тавсеаи пайвастаи таҷрибаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аз ҷониби кишварҳои узв мебошад».

Мин тазаккур дод, ки ҳоло татбиқи амалии Харитаи роҳ оид ба тадриҷан афзоиш додани саҳми асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Самарқанд қабул гардид, идома дорад. Ӯ илова намуд, ки дар айни ҳол харитаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи коршиносон, ки аз ҳисоби намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои узв махсус таъсис дода шудааст ва мунтазам ҷаласаҳо баргузор мекунад, таҳия гардида истодааст.

«Масъалаҳои густариши истифодаи асъори миллӣ ҳамчунин дар доираи Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ — сохтори ҷамъиятие, ки бо мақсади ташкили механизми маблағгузорӣ ва хизматрасонии бонкии лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис ёфта, аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмон дастгирӣ меёбад, пеш бурда мешаванд», — ишора кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, «имрӯз тавсеаи истифодаи асъори миллӣ дар амалиёти молияи тиҷоратӣ, фаъолнокии корҳо дар самти ташаккули низоми пардохтҳои фаромарзӣ бо асъори миллӣ ва табодули иттилооти дахлдори молиявӣ муҳим дониста мешавад».

«Албатта, таҳияи механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории барои ҳама ҷонибҳо қобили қабул ва таъсиси Бонки рушд ва Ҳисоби махсуси СҲШ ба мукаммал намудани ҳамёрии амалӣ бо мундариҷаи нав мусоидат хоҳад кард», — гуфт Чжан Мин.

Гардиши озоди мол ва сармоя

Дабири кулл таъкид кард, ки дурнамои дарозмуддати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби СҲШ ба зарурати гузариши тадриҷан ба гардиши озоди молу сармоя, хадамот ва технология иртибот дорад.

Мин илова намуд, ки мувофиқтарин ва кӯтоҳтарин масирҳои ҳамлу нақл, содагардонию рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ ва расмиёти беҳбуди инфрасохтори нақлиётӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорат нақши муҳим доранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кори механизмҳои мухталифи соҳавии ҳамкорӣ моҳиятан ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ин нигаронида шудааст.

Ҳамкории энергетикии кишварҳои узви СҲШ

Дабири кулл бар он аст, ки рушди ҳамкории муассир дар соҳаи энергетика дар чаҳорчӯби СҲШ дар пасманзари чолишҳои ҷиддии амнияти энергетикӣ дар шароити COVID-19 ва низоъҳои геополитикӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, эҷоди механизмҳои ҳамкорӣ ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои ҳамкории минтақавии энергетикӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба муколамаҳои мунтазам ва вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар ин самт такони нав бахшиданд ва инчунин ба амнияту суботи бозори байналмилалии энергетикӣ кафолат ва эътимодро таъмин намуданд.

«Минбаъд моро мебояд барои ноил шудан ба татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда ва таъмини рушди устувори энергетикӣ якҷоя талош варзида, тавре кунем, ки кишварҳои истеҳсолкунанда ва таъминкунандагони захираҳои энергетикии мо, инчунин минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳамкории мо баҳра баранд», — афзуд Дабири кулли Созмон.

Таҳкими равобит миёни СҲШ ва АСЕАН

Мин ба зарурати таҳкими равобит миёни СҲШ ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) дар пасманзари бархӯрд дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ишора кард.

«Моҳи ноябри соли гузашта ман дар силсиланишастҳои АСЕАН ширкат доштам. СҲШ ва АСЕАН ҳамсояанд, дорои анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии якхела ва ё ҳамшабеҳ мебошанд», — шарҳ дод Мин.

Номбурда тазаккур дод, ки ҳарду созмон дорои манфиатҳои муштарак ва имконияти бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои нав, вокуниш ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар соҳаи сармоягузорӣ, тиҷорат, илму техника ва истифодаи захираҳои табиӣ мебошанд.

«Дар айни ҳол нафароне ҳастанд, ки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба бархӯрди иттиҳодӣ ва халалдор сохтани равобит машғуланд, дар ин замина таҳкими ҳамкории СҲШ ва АСЕАН боз ҳам саривақтӣ ва зарурӣ ба шумор меравад», — гуфт ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид