ДАР ИН БОРА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. WMO доир ба ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ дар аввали январи соли 2023 дар Аврупо хабар медиҳад, обшавии пиряхҳо оқибатҳои фалокатбор дар пай дорад

Январь 6, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаби солинавӣ, чун дар арафаи Соли нав дар якчанд мамлакатҳои аврупоӣ «гармои рекордӣ» буд. Соли 2023 дар Аврупо бо ҳарорати баланди ҳавои барои ин давра бесобиқа оғоз шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти хабарии СММ иттилоъ медиҳад, дар ин бора аз Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) хабар доданд.

Коршиносони WMO зикр мекунанд, ки дар рӯзҳои аввали соли нави 2023 минтақаи фишори баланд дар мавзеи баҳри Миёназамин ва системаи пасти фишори атлантикӣ ҷараёни шадиди ҷанубу ғарбиро ба вуҷуд овард, ки ҳавои гармро аз шимолу ғарби Африқо ворид кард.

Дар баробари ин ҳаво аз Атлантикаи Шимолӣ гузашта, боз ҳам бештар гарм шуд, зеро дар он ҷо ҳарорати сатҳи баҳр ҳоло аз ҳадди муқаррарӣ баландтар аст. Дар қисми шарқии Атлантикаи Шимолӣ ҳарорати сатҳи баҳр назар ба меъёр 1—2 дараҷа баланд буд. Ҳамаи ин сабаби «гармои рекордӣ» дар арафаи Соли нав дар якчанд мамлакатҳои аврупоӣ гардид.

Ҳарорати баланд дар Аврупо дар моҳи январи соли 2023

Дар бисёр мамлакатҳои Аврупо, аз ҷумла дар Аврупои Марказӣ ҳарорати аз 20 дараҷа боло дида шуд. Дар якчанд кишварҳо- аз Испания то Аврупои Шарқӣ- ҳарорати рекордиро дар моҳҳои декабр ва январ дар тӯли тамоми давраи мушоҳида муқаррар карданд.

Садҳо истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар саросари Аврупо баландтарин ҳарорати рӯзонаро дар моҳҳои декабр ё январ сабт карданд. Масалан, 31 декабри соли 2022 дар Дрезден-Хостервитси Олмон 19,4 дараҷа ва 1 январи соли 2023 дар фурудгоҳи Билбаои Испания — +25,1 дараҷа ва дар Варшава 18,9 дараҷа гарм буд. Гармӣ дар Аврупо боқӣ мемонад.


Чанде пеш дар Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) изҳор доштанд, ки дар Аврупо тайи даҳсолаҳои охир басомад ва шиддатнокии ҳарорати шадид, аз ҷумла мавҷҳои баҳрии гарм афзоиш ёфтаанд. Тибқи пешгӯиҳо, ин афзоиш новобаста аз вазъи газҳои гулхонаӣ идома хоҳад ёфт.

Гармии ғайримуқаррарӣ ба равандҳои табиӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ба таври фалокатовар таҳдид мекунад. Ин ба он оварда мерасонад, ки таназзул ба амал меояд, механизми пайдоиши ярчҳои фалокатовар, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ба амал меояд.

Пиряххо об мешаванд

Бисёриҳо мегӯянд, ки гармшавии глобалӣ- ин бофтаи экологҳост. Аммо фаъолияти пурталотуми инсон бе асар намегузарад. Ба ин ё он дараҷа он дар тағйирёбии иқлим гунаҳгор аст ва далели инро бо чашми одӣ дидан мумкин аст. Пиряхи Бриксдал- ин бозуи пиряхи азими Йостедалсбреан аст, ки калонтарин дар Аврупост. Он дар музофоти Согн-ог-Фюран дар Норвегия ҷойгир аст. Давоми ҳафт сол пирях қариб се баробар кам шудааст. Давоми ҳафт соли дигар аз он чизе намемонад.


Гармое, ки ҳафтаҳои охир дар Аврупо муқаррар шудааст, сабаби об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар кӯҳҳои Алп гардидааст. Дар натиҷа ба гуфтаи пулиси Швейтсария бо истинод ба The Guardian, ҷасади одамоне, ки чанд сол ва ҳатто даҳсолаҳо пеш нопадид шуда буданд, дар кӯҳистон бештар пайдо мешаванд. Коршиносон мегӯянд, ки пиряхҳои кӯҳӣ бо суръати бесобиқа об шуда, давоми як соли охир тақрибан як километри мукааб (тақрибан 900 миллиард литр об)-ро аз даст додаанд. Аз соли 1850, вақте ки пиряхҳо қариб 1735 километри мураббаи кӯҳҳои Алпи Швейтсарияро ишғол карданд, майдони умумии онҳо ду баробар кам шудааст.

Академияи илмҳои Швейтсария аз обшавии рекордии пиряхҳо хабар медиҳад: дар ин кишвар пиряхҳо мисли пештара об мешаванд — бинобар гармои тобистон, ки Аврупоро фаро гирифтааст, ҳаҷми онҳо соли 2022 6% кам шудааст. «Имсол барои пиряхҳои Швейтсария фалокатбор буд- аз сабаби набудани барф дар зимистон ва гармии тӯлонӣ дар тобистон онҳо ба таври рекордӣ об шуданд», — омадааст дар изҳороти академия.

Олимон ин хулосаҳоро аз маълумоти ҷамъовардаи Glamos, шабакаи мониторинги пиряхҳои Швейтсария ба даст оварданд. Дар гузориши ниҳоӣ хисороти расида ба кӯҳҳои Алпи Швейтсария батафсил зикр шудааст. Ҳамин тариқ, дар қуллаи Конкордиаплатс дар пиряхи бузурги Алеч дар ҷануб, дар наздикии марз бо Италия ях беш аз шаш метр коҳиш ёфтааст. Муҳаққиқон мегӯянд пиряхҳои хурд ба мисли Пизол дар шарқ дар наздикии Лихтенштейн, Вадрет-дал-Корвач дар наздикии Сент-Моритса дар ҷанубу шарқ ва Швартсбахфирн дар маркази Швейтсария тамоман нопадид шудаанд.

Зимистони гузашта қабати барф дар кӯҳҳои Алпи Швейтсария хеле сабук буд, махсусан дар ҷанубу шарқ. Бинобар ин пиряххо аз гармо муҳофизати табиии кам гирифтанд. Гарду ғубори Сахара, ки дар фасли баҳор бисёре аз қисматҳои Аврупоро фаро гирифт, барфро ифлос кард ва боис шуд, ки гармии Офтобро бештар ба худ кашад. Ва он гоҳ гармои тобистон тамоми Аврупоро фаро гирифта, обшавии пиряхҳоро шадидтар кард, хабар медиҳад Ассошиэйтед Пресс.

Тавре хабаргузории Reuters қаблан хабар дод, ҳавои ғайримуқаррарӣ, ки дар Аврупо ҳукмфармост, метавонад раванди обшавии пиряхҳоро дар Гренландия суръат бахшад. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии метеорологии СММ хабар додааст.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, рекорди ҳарорати ҳаво дар бисёре аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дар соли 2023 сабт хоҳад шуд. Гармӣ паст намешавад.

«Ин ба баланд шудани ҳарорат дар он ҷо оварда мерасонад ва дар натиҷа обшавии яхбандии Гренландия меафзояд. Мо ҳоло намедонем, ки ин аз рақамҳои соли 2012 зиёдтар мешавад ё не, зеро ин комилан имконпазир аст»,- гуфт намояндаи Созмони ҷаҳонии метеорологии СММ Клэр Нуллис,.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти мутахассисон, танҳо дар моҳи июли соли 2019 дар Гренландия тақрибан 160 миллиард тонна қабати ях об шудааст. Дар Арктика ҳам обшавй суръат гирифтааст.

Олимон мегӯянд, ки обшавии пиряхҳо имсол хеле пештар оғоз ёфт. Барои омӯзиши ин раванд 15 сентябр НАСА моҳвораеро ба кайҳон партоб кард. Вазифаи он аз он иборат аст, ки бо кумаки лазер дар бораи таъсири гармшавии глобалӣ ба майдонҳои ях маълумоти дақиқтар пешниҳод шавад.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон ҳушдор дода буданд

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин мушкилотро изҳор доштаанд, аз ҷумла зимни суханронӣ дар моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи онлайнии Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор низ дар ин бора гуфта буданд.


«Имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд», — гуфта буданд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим унвон карданд.

Президенти Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон — пиряхи Федченко, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70-80 соли охир пиряхи Федченко беш аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар робита ба ин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват карданд, ки Хазинаи байналмилалии наҷоти пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи баргузории Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Қобили зикр аст, ки 14 декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоият қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард. Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Хазинаи Байналмилалии Эътимоди ҳифзи пиряхҳо таъсис шуда, соли 2025 Конфронси сатҳи баланди СММ дар ин мавзӯъ дар Душанбе баргузор мешавад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: ВМО/Карлос Кастилехо Балсера

Январь 6, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»