Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 329 ҳазору 800 номгӯи китобҳои электронӣ мавҷуд мебошанд
ДУШАНБЕ, 22.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон гӯшаи китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои 329 ҳазору 800 номгӯй китоб мебошад. Соли 2022 нисбат ба соли 2021 кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз 1500 номгӯй китобҳоро дар шакли электронӣ пешниҳоди хонандагон кардаанд. Дар ин бора Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти муассиса дар соли гузашта иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»
Соли гузашта 16 ҳазору 743 нафар хонандагон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва шумораи умумии аъзои китобхона ба 258 ҳазору 887 нафар расид. Дар соли гузашта 223 ҳазору 489 нафар вориди толорҳои хониши китобхона шуда, 240 ҳазору 598 адад китоб дархост кардаанд.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки соли 2022 ба фонди Китобхонаи миллӣ 54308 нусха адабиёт ба маблағи умумии 1 148 429 сомонию 28 дирам ворид карда шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст. Дар захираи мубодилавии эҳтиётӣ 1856 нусха китоб ба маблағи умумии 32671 сомонӣ ва бенавишт дар шуъбаҳо 36 нусха ба қайд гирифта шудааст.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






