Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия махзани ягонаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия махзани ягонаи маҳсулоти содиротии ватанӣ ташкил намуда, дархост ва пешниҳоди харидорони хориҷиро оид ба содироти маҳсулот тавассути Портали содиротӣ ба роҳ монад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи мазкур 19 январ зимни мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо Раиси Шӯрои нозирони Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон оид ба рушди иқтисоди хориҷии «МДК» Марк Руслан ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Ҳомидҷон Назарӣ баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи платформаи рақамӣ барои содироткунандагон, таъсис додани марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти банду басти маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи дониши содироткунандагон оид ба фаъолияти содиротӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба миёни ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон маълумоти муфассал доир ба фаъолияти ширкат манзур гардида, омодагӣ доир ба ҳамкорӣ бо Агентии содирот оид ба таъсиси «Хонаи савдо» дар шаҳри Санкт-Петербург, инчунин таҳия намудани каталоги маҳсулоти содиротие, ки иқтидори содиротии он зиёд мебошад ва ташкили корхонаҳои муштарак оид ба банду басти маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карда шуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






