ДАР ТОҶИКИСТОН БА ИН ПЕШТАР РӮ ОВАРДА БУДАНД. Дар Қирғизистон сурудхонӣ бо фонограмма манъ гардид

Январь 4, 2023 11:53

ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2023 дар Қирғизистон сурудхонӣ бо фонограмма дар муассисаҳои давлатӣ ва дар барномаҳои ҷамъиятӣ манъ гардид. Фармонро вазири фарҳанг Олтинбек Мақсутов 30 декабри соли 2022 имзо кардааст, хабар медиҳад Kloop. 

Фармон ба театрҳо, иншооти варзишӣ, толорҳои консертӣ, кинотеатрҳо, клубҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва филармонияҳо дахл дорад.

«Дар тамоми муассисаҳои давлатии фарҳангию маърифатии тобеи вазорат дар барномаҳои консертӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, сарфи назар аз баромадҳои хусусӣ ва ё иҷоравӣ, бояд аз 1 январи соли 2023 баромадҳои вокалӣ ба таври зинда иҷро карда шаванд», — зикр шудааст дар фармон.

Масъулиятро роҳбарони муассисаҳое, ки дар онҳо чорабиниҳо баргузор мешаванд, низ ба дӯш мегиранд.

Иҷро бо фонограмма- ин усули иҷрои асарҳои мусиқӣ мебошад, ки садо дар алоҳидагӣ (фонограмма) сабт карда мешавад ва иҷрокунанда дар саҳна ба вазни мусиқии ин фонограмма мутобиқ мешавад (яъне, ба баландгӯяк «даҳонашро боз мекунад»).

Дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 истифодаи фонограмма манъ шуда буд. Ба феҳристи чорабиниҳое, ки пахши фонограмма манъ шудааст, барномаҳои бадеии миқёси давлатӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин консертҳо, намоишҳо ва базмҳои арӯсӣ шомил буданд. Яке аз сабабҳои аслии манъкунӣ- ин «таъсири манфии сабти садои фонограмма ба пешрафти санъати суруду мусиқӣ» мебошад.

Дар фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи фонограмма» он вақт зикр шуда буд, ки дар Тоҷикистон сабти «минусӣ» танҳо дар намоишҳои театрӣ, сабти барномаҳои телевизионӣ дар студия ва дар стадионҳо иҷозат дода мешавад.

Мувофиқи муқаррароти нав, созмондиҳандагони барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ вазифадоранд, ки мундариҷаҳоеро, ки ба амалҳои хушунатомез даъват мекунанд, истифода набаранд, ҳангоми муомила бо тамошобинон рафтори бадахлоқонаи ҳунармандон (суханҳои дағалона, таҳқир, луғати ғайримеъёрӣ)-ро пешгирӣ намуда, инчунин тамошобинонро аз истифодаи фонограммаҳо ҳангоми иҷрои асарҳои мусиқӣ огоҳ кунанд.

Манъи сурудхонӣ бо фонограмма кайҳо инҷониб на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Чин, Озарбойҷон, Молдова, ИМА ва баъзе кишварҳои дигар низ амал мекунад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 4, 2023 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд