ДАР ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ ШАШГОНИК БА ДУНЁ ОМАД. Мутаассифона, бинобар таваллуди бармаҳал ва вазни нокифоя кӯдакони навзод натавонистанд зинда бимонанд
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 январ дар Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд сокини 26-солаи ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муборак Соҳибова шашгоник таввалуд намуд. Аммо бинобар сабаби бармаҳал таваллуд шуданашон ду писару чор духтари навзод субҳи 12 январ фавтиданд, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар таваллудхонаи зикршуда.
Сардухтури Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд Нурӣ Додобоева 12-уми январ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт: «Шароит ва маводу дору барои кудакон муҳайё буд. Азбаски норасид буданд, мутаассифона, фавтиданд».
Ба гуфтаи сардухтур, тифлони шашгоник шашмоҳа ба дунё омада, вазнашон аз 550 то 700 граммро ташкил медод, ҳол он ки ин рақамҳо, тибқи меъёрҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бояд ба 2,8-4,0 кг баробар бошанд. Айни замон вазъи саломатии модари ин тифлакони ғӯррамарг хуб аст ва ӯ феълан дар таваллудхона қарор дошта, як муддат зери назорати табибон боқӣ хоҳад монд. Муборак Соҳибова ду фарзанди дигар ҳам доштааст.
ҶАДВАЛИ
вазни кӯдакони навзод тибқи меъёрҳо ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ
| Меъёр | Духтарон | Писарон | ||
| Сиину сол | Вазн, кг | Қад, см | Вазн, кг | Қад, см |
| Навзод | 2,8 – 3,8 | 48 – 51 | 3,0 – 4,0 | 48 – 52 |
| Моҳи 1 | 3,5 – 4,6 | 51 – 56 | 3,6 – 5,0 | 52 – 57 |
| Моҳи 2 | 4,3 – 5,5 | 55 – 59 | 4,5 – 6,0 | 55 – 60 |
| Моҳи 3 | 5,3 – 6,4 | 58 – 62 | 5,5 – 6,9 | 59 – 64 |
| Моҳи 4 | 5,8 – 7,1 | 60 – 65 | 6,1 – 7,7 | 61 – 66 |
| Моҳи 5 | 6,2 – 8,0 | 62 – 67 | 7,0 – 8,4 | 65 – 69 |
| Моҳи 6 | 7,0 – 8,8 | 64 – 69 | 7,9 – 8,95 | 66 – 70 |
| Моҳи 7 | 7,2 – 9,1 | 65 – 70 | 7,8 – 10,05 | 67 – 72 |
| Моҳи 8 | 7,2 – 9,4 | 68 — 72 | 8,2 – 10,4 | 69 — 73 |
| Моҳи 9 | 8,1 – 10,8 | 68 – 73 | 8,7 – 11,05 | 70 – 76 |
| Моҳи10 | 8,2 – 10,8 | 69 – 75 | 9,2 – 11,5 | 71 – 77 |
| Моҳи11 | 8,9 – 11,0 | 71 – 76 | 9,3 – 11,5 | 72 — 77 |
| Моҳи 12 | 9,0 – 11,3 | 72 — 77 | 9,4 – 11,9 | 73 — 79 |
Омили бармаҳал таваллуд шудани тифлро табибон гуногун рабт медиҳанд. Аз ҷумла, тағйирот дар бачадон, гарданаки бачадон ё платсента (шикастани платсента, пешгузарандаи платсента), машқи ҷисмонии барзиёд, истемолӣ доруҳо бе тавсияи тибиб, суст будани мушакҳои бачадон, ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани модар ҳангоми дар батн будани тифл ва ғайра сабаб шуда метавонанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ин нахустин ҳолати таваллуди шашгоник буд. Шаби Соли нав, 31 декабри соли 2020, сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова панҷгоник таваллуд намуда буд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 23 июли соли 2022 дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе сокини 10-миллионаи Тоҷикистон таваллуд гардид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Ба гуфти мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст.
Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба зиёда аз 10 миллион нафар расидааст, яъне қариб ду баробар баробар афзудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






