«ДОВ», «РОҲ», «ОХИРИН САЙДИ САЙЁД». Филмҳои тоҷикӣ дар Кинофестивали байналмилалии СҲШ иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 31 январ дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Кинофестивали байналмиллалии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар бахши озмунии он филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар Кинофестивали байналмиллалии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар бахши озмунии он ба ҳайси довар иштирок менамояд. Инчунин дар бахши ғайриозмунии кинофестивал филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и коргардон Мумин Қодиров намоиш дода мешавад.
Дар бахши озмунии кинофестивал филмҳо аз ҳашт кишвари аъзо пешниҳод гардида, миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар бахши ғайриозмунӣ филмҳо барои алоқамандони кино манзур мегарданд.
Филмҳое, ки дар кинофестивал намоиш дода мешаванд, ба алоқамандони синамо имкон фароҳам меоранд, ки аз тамаддуни гуногун бархӯрдор шуда, фарҳанг ва расму оини миллати худро тавассути филмҳояшон ба дигар давлатҳо муаррифӣ намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки Кинофестивали байналмилалии кишварҳои аъзои Созмон ҳамкории Шанхай бо мақсади барқарорсозии ҳамкории синамонигорӣ таъсис ёфта, чун воситаи муттаҳид намудани фарҳангҳои мухталифи кишварҳои аъзои ин ниҳоди байналмилалӣ хизмат менамояд.
АКС: МД «Тоҷикфилм»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






