Федератсияи байналмилалии гӯштингирии Тоҷикистон дар Русия, Эрон ва Ҳиндустон намояндагиҳояшро ифтитоҳ намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагиҳои Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон фаъолият доранд. Инчунин Федератсия нақша дорад, ки марҳила ба марҳила намояндагии худро дар дигар давлатҳо таъсис диҳад, ки ин метавонад ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва муаррифии гӯштини миллии тоҷикӣ замина гузорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон.
«Таъсиси намояндагии Федератсия имкон медиҳад, ки ҳамроҳ бо дигар созмонҳои байналмилалии варзишӣ гӯштини миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем», — иброз намуданд дар Федератсияи мазкур.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, гӯштингирӣ аз зӯрозмоии ду ҳариф барои ғолиб гардидан иборат буда, яке аз намудҳои варзиши дӯстдошта ва қадимии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар китобҳои қадимӣ ва классикӣ шарҳи гӯштини тоҷик бисёр омадааст. Аз ҷумла, устод Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома» аз паҳлавонӣ ва қаҳрамониҳои Рустам, Исфандиёр, Эраҷ, Барзӯ, Сиёвуш, Гарсеваз ва дигарон мисолҳои бисёр оварда, ҳатто як боби асарашро ба ёдгирии ин намуди варзиш бахшидааст.
Гӯштингирӣ аз замони пайдоиши худ то имрӯз барои паҳлавонон ва шахсоне, ки ба ин намуди варзиш шавқ доранд, мактаби ҷасорату мардонагӣ ва далерию тавоноӣ ба ҳисоб рафта, онҳоро тарбия намудааст.
Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-қонун» таъсири хуби машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла гӯштингириро баён дошта, таъкид кардааст, ки «фарде, ки мунтазам ба машқи ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна дору ниёз надорад».
Бояд тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.
Тибқи нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, Федератсияи гўштингирии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш ва Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба гўштингириро бо иштироки 31 давлат баргузор намуд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 27 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор карда шуд, ки дар он ғолибони ин мусобиқот 5 Шоҳҷоиза- мошинҳои сабукрав ба даст оварданд.
Инчунин тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2022, Федератсия дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 9 мусобиқаи ҷумҳуриявиро бахшида ба санаҳои таърихӣ ва гиромидошти хотири собиқадорони соҳаи варзиш баргузор намуд.
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз насли ҷавони мамлакат талош бар он менамояд, ки ин анъанаи миллиро давом дода, ба ояндагон низ мерос гузорад. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони мо тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, ба ин восита аз ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм дурӣ меҷӯянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






