ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади тамринии дуюмро дар Душанбе шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол ҷамъомади тамринии дуюми худро дар Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шурўъ кард. Дастаи мазкур пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе 19 январ ба Анталия сафар карда, тӯли як моҳ чанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев ба ин ҷамъомад 28 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Ба далели номусоидии обу ҳаво, даста тамринҳоро дар толори Академияи «Ювентус» дар Душанбе баргузор мекунад.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҷавонони мо дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) рақобат мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор мунтахаби беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия хоҳад шуд.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






