Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 141 медал ба даст овард
ДУШАНБЕ, 21.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Клуби марказии варзишии «Артиш»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар 53 мусобиқа иштирок намуда, сазовори 141 медал гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Ин нишондиҳанда назар ба соли 2021 хеле назаррас буда, варзишгарон соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ 75 медал зиёдтар ба даст оварданд.
Ҳоло дар Клуби марказии варзишии Артиш навъҳои гӯштини тарзи миллӣ, озод, самбо, дзюдо, дастхобонӣ, бокс, задухӯрди тан ба тан, футбол, волейбол ва ғайра фаъолият мекунанд. Ҳар моҳ дар қисмҳои ҳарбӣ як ё ду маротиба аз рӯйи ин навъҳои варзиш мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд ва сарбозони ҷузъу томи артиш дар он фаъолона иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои назарраси Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиа дар соли сипаригардида- ин иштирок дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ва мақоми сеюмро ишғол намудани дастаи футболбозони клуби мазкур дар чемпионати Тоҷикистон мебошад.
Дастаи футболбозони Клуби марказии варзишии Артиш аз замони таъсис то имрӯз фаъолияти мунтазаму босамар дошта, бо иштирок дар Чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи кишвар мақоми хосса дорад.
Имрӯз ҷавонони варзишгар бо пешниҳоди унвонҳои варзишӣ метавонанд ба сафи Артиши миллӣ омада, дар баробари хизмати ҳарбӣ дар клуби мазкур маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон дар мусобиқаҳои гуногуни дохилу хориҷи мамлакат ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Мавриди тазаккур аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо толорҳои варзишӣ ва майдончаву шаҳрчаҳои варзишӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Сарбозон дар онҳо тамрин карда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки миёни ротаҳо, взводҳо ва баталёнҳову полкҳо гузаронида мешаванд, иштирок мекунанд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






