МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб дониш ва лаёқату истеъдодатонро ба назар гиред

Январь 27, 2023 13:32

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми интихоби ихтисос ё касб довталаб бояд дониш, лаёқату истеъдодашро бештар ба назар гирад ё пеш аз интихоб бо мутахассиси он соҳа машварат намояд. Хуб биандешад, ки аз ин касб чӣ мехоҳед ва аз он чиро интизор аст. Инчунин ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5-6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар мавриди кам будани талаби бозори меҳнат ба он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад. Чунин тавсия медиҳад муовини якуми Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё.

Ба гуфти номбурда, интихоби дурусти ихтисос барои ҳар шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин ба он бояд таваҷҷуҳи зиёд кард. Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар ва омӯзгорро ба эътибор гирифтан ба нафъи кас хоҳад буд.

«Дар таҷрибаи корӣ ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки довталаб аз интихоб шуданаш ба ин ё он касб чандон қаноатманд нест. Зеро ба андешаи довталаб, касб аз ҷониби бародар ё волидайн интихоб шудааст. Барои ба ин ҳолат гирифтор нашудан бояд бештар интихоби довталаб ба назар гирифта шавад»,- гуфт ҳамсуҳбат.

Гуфта шуд, ки беъзе аз довталабони мо дар вақти интихоби гурӯҳи шартномавӣ буҷаи оилаи худро ба инобат намегиранд, ки ин баъдан сабаби даст кашидан аз таҳсил шуда метавонад.

Абдулбосит Шодиниё иброз намуд, ки ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб кунад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату дониш, тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онро интихоб кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.

Ихтисосҳо аз рӯйи монандию наздикии фанҳои имтиҳон ба ҳам дар 5 гурӯҳи ихтисосҳо муттаҳид гардидаанд, ки ин таснифотро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Марказ тасдиқ кардааст:

1) табиӣ ва техникӣ;

2) иқтисод ва география;

3) филология, педагогика ва санъат;

4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;

5) тиб, биология ва варзиш.

Довталаб ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо дорад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2023 ба воситаи низоми ИМД ба 40 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (1 академия, 18 донишгоҳ, 15 донишкада, 6 филиали донишгоҳу донишкадаҳо) ва 73 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ)-и ҷумҳурӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ба низоми ИМД дохилшудаи ҷумҳурӣ, ки коллеҷ, донишкадаю донишгоҳҳо ва як академияро дар бар мегиранд,
аз рӯйи беш аз 900 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Рӯйхати ихтисосҳо бо нишон додани муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.
Довталаби хатмкарда ё хатмкунандаи синфи 9-ум низ ҳуқуқи дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста ба муассисаи таълимӣ аз рӯи намуди ройгон ва ё пулакӣ дорад. Аммо шакли таҳсили ӯ танҳо рӯзона мешавад, яъне таҳсили шабона, ғоибона ва фосилавиро интихоб карда наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) аз 1 марти соли равон оғоз мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2023 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»