ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 10 то 14 январ дар бештари манотиқи Тоҷикистон пастшавии ҳарорат то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 14 январ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарди арктикӣ аз самти минтақаҳои шимолию аврупогии Федератсияи Россия ва Сибири Ғарбӣ дар бештари манотиқи кишвар пастшавии ҳарорат то 15-20 дараҷа пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Инчунин 11-14 январ дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорат шабона аз 8 то 19 дараҷа хунук, рӯзона аз 7 то 12 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 11 то 24 дараҷа хунук, рӯзона аз 5 то 17 дараҷа хунук дар назар аст.
Ҳангоми софшавии ҳаво 14-16 январ дар ноҳияҳои баландкӯҳӣ ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 37 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 50 дараҷа сард мешавад.
10 январ ва шаби 11 январ боришоти бошиддат дар намуди барф дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешгӯӣ шуда, дар қисми зиёди ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) дар назар буда, дар шоҳроҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония аз эҳтимол дур нест.
10 январ ва 12 январ дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳи январи соли 2023 дар қисми зиёди қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2 дараҷа баландтар дар назар дошта шудааст.
Нисбат ба соли гузашта моҳи январи имсол 1-2 дараҷа хунуктар дар назар аст (соли 2022 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри муқаррарӣ аз 2 дараҷа то 4 дараҷа гарм буд).
Дар даҳрӯзаи сеюми ин моҳ асосан ҳавои тағйирёбанда, дар рӯзҳои алоҳида ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боришоти дорои хусусияти гуногун (боришоти суст то мӯътадил) дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






