РАСМАН. Игор Черевченко сармураббии «Истиқлол» таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Клуби футболи «Истиқлол» ва сармураббии нави даста Игор Черевченко шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.
«Раҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» номзадии Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ кард», — хабар доданд дар КФ КФ «Истиқлол».
Шартномаи корӣ бо мураббии маъруф ва собиқ бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон то охири соли 2023 баста шудааст.
Сармураббии нави даста Игор Черевченко муваззаф шудааст, ки дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон оид ба футбол иштирок мекунад, бояд натиҷаҳои хуб нишон диҳад ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардад.
Ба Игор Черевченко дар «Истиқлол» дастпарвари дигари футболи тоҷик, собиқ футболбози дастаи «Помир»-и Душанбе Юрий Батуренко кумак мекунад, ки ёвари сармураббӣ таъйин шудааст. Шартнома бо Юрий Батуренко низ то охири соли равон баста шуд.
АКС: КФ «Истиқлол»










Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






